ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАРДЕ, КИ ҲАҶ НАРАФТУ РӮШАНӢ ОВАРД

МАРДЕ, КИ ҲАҶ НАРАФТУ РӮШАНӢ ОВАРД

04 апрел 2024, Панҷшанбе
32
0

 
Дар маҳаллаи ба номи Ҳасан Ҳоҷиеви деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич бо афзудани шумораи аҳолӣ мардум аз норасоии неруи барқ танқисӣ мекашид. Трансформатори тақсимоти барқ ҳанӯз солҳои шастуми асри ХХ насб гардида, неру ва коршоямии хуб надошт. Сокини маҳаллаи мазкур соҳибкор Абдусамад Ҳоҷиев 50 ҳазор сомонии барои адои маносики Ҳаҷ ҷамъовардаашро барои рафъи ин мушкилии ҳамдиёронаш сарф кард, ки шоистаи таҳсин аст.
Абдусамад Ҳоҷиев ба ин маблағ як зеристгоҳ, понздаҳ сутунпоя, чор ҳазор метр сими барқгузар харида, пеши роҳи талафи барқро гирифт. Мардуми маҳалла, ки қариб дар сад ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд, бо ҳамкории мутахассисони барқ ба тариқи ҳашар ин ҳамаро насбу васл карданд. Як ҳафта аст, ки сокинон соҳиби барқи босифатанд.
Ҳамроқул Бониёзов, яке аз сокинони маҳалла, ин амали хайри ҳамдиёрашро чунин тавсиф кард: “Абдусамад Ҳоҷиев писари савзовори падараш шуд. Чароғҳои хонаҳои мо равшану асбоби рӯзгори мо зудкор шудааст. Мавсуф аз оғози фаъолияти соҳибкорӣ бо корҳои хайраш пайи ризои мардум мекӯшад. Ҳоло боз ният дорад, ки бо фарорасии гармо роҳи асосиии мошингузари маҳалларо мумфарш кунад”.
Бояд гуфт, ки ҳанӯз соли 2021 номбурда дар ободонии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи Басманда ҳисса гузошт. Ӯ як синфхонаи компютерии муассисаро бо сездаҳ компютеру дигар ашёи хониш ва синфхонаи фанни ҷуғрофияро бо асбоби аёнӣ таъмин намуд.
Абдусамад Ҳоҷиев, ҳамзамон, сохтани шипанг дар оромгоҳи деҳаи Басмандаро оғоз бахшид. Шипанг дар гармову сармо, махсусан ҳангоми бориши барфу борон баҳри зиёраткунандагони мазор, хондани дуову фотеҳа ба руҳи гузаштагон ва дигар маъракаҳо пешбинӣ шудааст.
Сокинони деҳаи Басманда ин амали наҷиби соҳибкорро савобе дар моҳи шарифи Рамазон арзёбӣ карда, пирони маҳалла дуои некаш доданд. Мавсуф ин амали пурсавобро дар партави мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин (9-уми марти соли 2024) анҷом дод.
Мавсуф бо ин амалҳои хайр намунаи ибрат барои дигарон гардид. Аз ҷумла, ду сокини хайрхоҳи дигар Шамсиддин Раҳимов ва Худойбердӣ Назиров шаст ҳазор сомонӣ маблағи худро, ки барои фиристодани модарони худ ба зиёрати Маккаву Мадина ҷамъ оварда буданд, дар роҳи ободкории деҳаашон сарф карданд. Бо ин маблағ ҷӯйбори калони обрави маҳалла, ки солҳо боз фарсудаву гилолуда меистод, тоза ва дар он лӯлаҳои бетонии обгузар васл шуданд. Акнун об бидуни талаф ба замини наздиҳавлигии мардум тақсим мешавад. Дар баробари ин, мардум ба тариқи ҳашар ҷӯйборҳои дигарро низ канда, кӯчаҳоро аз партов тоза намуданд.
Айни ҳол, бо роҳбарии раиси тозаинтихоби кумитаи маҳалла Ҷумъабой Шафиев ва раиси маҳалла Масрур Ойматов, чароғонкунии кӯчаҳо, ҳамвор намудани роҳҳо ва таъмиру навсозии лӯлаҳои оби нӯшокӣ ва нуқтаҳои резиши онҳо идома дорад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.04.2024 №: 62
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив