ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАНҶ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД!

ВАНҶ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД!

04 апрел 2024, Панҷшанбе
32
0


Соҳаи фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таъриху маданияти миллӣ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад. Ҳамин аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ин соҳаи муҳим рушд карда, ба дастовардҳои зиёд ноил гардидааст.

Дар ин давра бо дастгириҳои пайвас-таи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гӯшаву канори гуногуни мамлакат, аз ҷумла дурдасттарин ноҳияҳо, иншооти фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ин радиф, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ низ кохи бошукӯҳи фарҳанг қомат афрохт. 
– Пӯшида нест, ки дар заминаи хонаҳои фарҳанги куҳнаву фарсудаи даврони шуравӣ, ки одитарин шароити корро надоштанд, қасрҳои боҳашамати фарҳангии таъмин бо шароити мусоиди корӣ бунёд мегарданд, ки баҳри рушди бештари фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар баробари иншооти соҳаҳои гуногун, сохтани биноҳои фарҳангиву фароғатӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум ва пешгирии ҷавонон аз тақлид ба фарҳанги бегона аз пешравии босуръати кишвар мужда медиҳад. Дар ин ҷода бахши фарҳанги ноҳияи Ванҷ ҷиҳати ташаккули шуурнокии сиёсӣ ва фарҳангии сокинон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ месозад. Шуъбаи фарҳанг дар ҳамкорӣ бо дигар бахшҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои бартараф сохтани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта пайваста саъю кӯшиш менамояд, – гуфт С. Шарипов, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия.
Боиси зикр аст, ки айни замон дар ноҳия 8 клуби фарҳангиву фароғатӣ фаъолият дошта, 25 китобхонаи хурду бузург бо зиёда аз 100 ҳазор нусха асарҳои адибони ватаниву хориҷӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонону наврасон, инчунин, иштироки фаъолонаи сокинони ноҳия дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, бавижа Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»,  мавриди истифодаи умум қарор доранд. 
Мутаассифона, дар баробари муваффақияту комёбиҳо, то ҳанӯз дар ин самт мушкилиҳои зиёд ба назар мерасанд. Имрӯз соҳаи фарҳанги ноҳия ҷиҳати навсозӣ ва аз таъмири асосӣ баровардани клубу китобхонаҳо ниёз дорад. Хусусан, барои ба интернет пайваст намудани китобхонаҳо, таъмин кардан бо созҳои мусиқӣ ва ҷалби мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон масъулонро мебояд бетарафӣ зоҳир накунанд.

Гулнисо САЪДОНШО, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 04.04.2024 №: 62
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив