ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЪМИНОБОД. НОҲИЯЕ, КИ ДИЛҲОРО ТАСХИР МЕКУНАД

МУЪМИНОБОД. НОҲИЯЕ, КИ ДИЛҲОРО ТАСХИР МЕКУНАД

06 март 2023, Душанбе
131
0
 Ноҳияи Муъминобод табиати хеле бой ва зебою рангин дошта, бо кӯҳҳои сарбаафлок, чашмаҳои зулолу мусаффо, рӯду дарёҳои пурхурӯшу тезҷараён, ҳамзамон, ҳайвоноту набототи нодир на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он шуҳрати зиёд дорад. Инчунин, хотиррасон мекунем, ки ноҳияи Муъминобод бо доштани ёдгориҳои зиёди таърихию фарҳангӣ яке аз мавзеъҳои бузурги сайёҳӣ дар кишвар дониста мешавад, – гуфт дар суҳбат бо хабарнигори махсуси «Ҷумҳурият», раиси ноҳияи Муъминобод Шарифзода Лутфия. 
Ёдовар мешавем, ки солҳои соҳибистиқлолӣ маркази ноҳия ва деҳоти дурдасти он дар партави сиёсати хирадмандонаву ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бо қомат афрохтани биноҳои баландошёнаи маъмуриву фарҳангӣ ва истиқоматӣ симои зоҳирии хешро ба куллӣ тағйир дода, ба як гӯшаи ободу зебои кишвар табдил ёфтааст. Меҳнаткашони ноҳияи Муъминобод бахшида ба истиқболи Ҷашни  35-солагии Истиқлоли давлатӣ, имрӯзҳо аз тамоми захираву имкониятҳо ва технологияҳои нави замонавӣ пурмаҳсул истифода бурда, корҳои зиёди бунёдкорӣ ва созандагиро муташаккилона роҳандозӣ намуда, баҳри ободу зебо гардондани симои зоҳирии ноҳияву деҳот ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон, ҳамзамон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, як қатор корҳои муайянеро ба анҷом расондаанд. 
Боиси тазаккур аст, ки ноҳияи Муъминобод дорои таърихи қадима буда, дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳанӯз дар охирҳои асри XI ҳамчун шаҳр ёд шудааст.  Дар ҳудуди Муъминобод бо номи деҳаҳое вомехӯрем, ки таърихи ниҳоят қадима доранд.  Мавзеъҳои Эскӯлоб, шаҳри Барбар, Лангар, Чилдухтарон, Сангдараҳо, тибқи таҳқиқоти таърихнигорон дар асрҳои XII – XV аз минтақаҳои ободи Хатлонзамин ба ҳисоб мерафтанд. Яке аз шаҳрҳои ободи Хатлон – Сикандара низ, дар ҳамин қаламрав ҷойгир буд. Ноҳияи Муъминобод макони ёдгориҳои бузурги таърихӣ буда, то ба ҳанӯз аз ҷониби сокинони маърифатпарвару фарҳангдӯсти он ҳифз гардидаанд. Ноҳия дорои мавзеъҳои  таърихиву фарҳангии зиёд буда, барои  рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ, этнографӣ ва шикори байналмилалӣ имкониятҳои васеъ дорад. Бояд гуфт, ки ҳарчи бештар ва самаранок истифода кардан аз ин имкониятҳои нодири таърихиву табиӣ дар ояндаи наздик метавонад ба рушди ноҳия такони ҷиддӣ бахшад.
Рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз тарафи Ҳукумати мамлакат як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд. То имрӯз дар ноҳия харитаи сайёҳӣ, 2 лавҳаи иттилоотӣ, як маркази иттилоотии сайёҳӣ, 3 тарабхона, 3 маркази хизматрасонии бонкӣ, 2 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, дар хизмати сайёҳон қарор доранд. Соли сипаришуда 24724 сайёҳ аз мавзеъҳои нодири ноҳия дидан намуд, ки 426 нафарашро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Хотиррасон мекунем, ки филми коргардон Борис Кимёгаров «Рустам ва Суҳроб» низ, дар мавзеи Чилдухтарон ба навор гирифта шудааст. Аксарияти меҳмонони хориҷӣ барои ошно шудан ба ин ҷо меоянд, то аз наздик ҷойҳои банаворгирифтаи филмро бо чашми худ бинанд.
– Қобили зикр аст, ки ин диёри зебоманзар имрӯз макони сайру саёҳат на танҳо сокинони Тоҷикистон, балки меҳмонону сайёҳон аз кишварҳои дуру наздики хориҷӣ гардидааст. Дар ҳудуди ноҳия инфрасохтори сайёҳӣ ва хизматрасонӣ сол ба сол рушд карда, аз ояндаи неки ин диёр дарак медиҳад. Дар даҳ соли охир панҷ меҳмонхонаи замонавӣ бо тамоми шароити зарурии фароғату истироҳат дар мавзеи Чилдухтарон ба фаъолият оғоз кард. Дар деҳаи Паҳндара боз як меҳмонхонаи панҷошёна  мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамчунин, роҳи байни Муъминобод ва Ховалинг ба масофаи 17 километр аз деҳаи Саркорон то Паҳндара кушода шуд. Ҳукумати мамлакат тайи сӣ соли охир барои пешрафти ин диёри баландкӯҳ, ки дорои захираҳои бузурги табиӣ мебошад, тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд. Соли 2015 Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2016 – 2020 таҳия ва тасдиқ шуд, ки дар асоси он барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия аз  ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории 33 лоиҳа ба маблағи 114 миллион сомонӣ равона гардид. Соли 2020 Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2021-2025 қабул карда шуд, ки таъмини рушди бомароми соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, муҳайё сохтани шароити хуби зист барои аҳолӣ, бунёди иншоотҳои ҳаётан муҳим ва ташкили ҷойҳои нави кор ҳадафи асосии он мебошад. Дар барномаи мазкур 123 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 275 миллион сомонӣ  пешбинӣ гардидааст.  
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар соли 2022-юм 10 километр роҳҳои автомобилгарди Муъминобод – Тутқавул – Хоҷаинур, Муъминобод – Ғеш, Муъминобод – Момандиёр ва роҳи автомобилгузар ба деҳаи Ғофилободро аз таъмири ҷорӣ баровард, ки маблағи он 547,8 ҳазор сомониро ташкил дод. Аз тарафи соҳибкорон бошад,  10 километр роҳ сангфарш карда шуд. 
Дар ноҳия 6 клуб, 2 хонаи фарҳанг, 2 клуби сайёр, 25 китобхонаи оммавӣ, қасри фарҳанг, театри халқӣ,  мактаби бачагонаи мусиқӣ,  ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров, Ансамбли фолклорӣ-этнографии "Чилдухтарон", боғи  фарҳангӣ-фароғатӣ ба аҳолӣ хизмат расонда истодааст. Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба солимгардонӣ дар ноҳия 103 иншооти варзишӣ фаъолият дорад. Дар ин давра варзишгарон дар 10 мусобиқаи сатҳи минтақавию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори 80 медал, аз ҷумла 33 медали тилло, 32 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ гардиданд. Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои Маркази ҷавонон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Мавриди зикр аст, ки  соли 2022 дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон, дастаи «Шоҳин»-и ноҳияи Муъминобод ҷои аввалро соҳиб гашта, ба лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон роҳхат гирифт. Ҳамаи ин пешравиҳо аз баракати истиқлол, самараи сиёсати созандаву бунёдкорона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба пешрафту шукуфоии Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона гардидааст, – афзуд раиси ноҳияи Муъминобод Шарифзода Лутфия.
 
Холназар КАСИРОВ,  «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 06.03.2023 №: 50
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив