ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САДРИДДИН ҲАСАНЗОДА. НАВИСАНДАЕ, КИ ДАСТИ ГУЛ ДОРАД

САДРИДДИН ҲАСАНЗОДА. НАВИСАНДАЕ, КИ ДАСТИ ГУЛ ДОРАД

04 апрел 2024, Панҷшанбе
36
0


Устод Садриддин Ҳасанзода 3-юми апрели соли 1950 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи Мактаби миёнаи №6-и ноҳияи Восеъ мебошад. Бо навиштани мақола, ҳикоя, лавҳа аз давраи мактабӣ оғоз кардааст. Хатмкардаи факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин мебошад. Солҳои зиёд ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи директори мактабҳои №№ 6, 56-и ноҳияи Восеъ, иҷрокунандаи вазифаи директори шабакаи аввали ТВТ, ТВ “Баҳористон”, ёвари раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи давлат ва сиёсати Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” фаъолият дошт. Айни замон сардабири маҷаллаи илмӣ-оммавии “Душанбе”, корманди Муассисаи нашриявии “Ирфон” аст. 
Мавсуф муаллифи 40 маҷмуаи асарҳои бадеӣ, публитсистӣ, илмӣ-оммавӣ, фарҳангӣ-маърифатӣ ва сиёсӣ мебошад. Мавриди зикр аст, ки устод дар баробари эҷодкори мумтоз будан, дӯстдори Ватан, ободкори асил, пайрави ҳақиқии Сарвари давлат низ мебошад.  
Ӯ аз зумраи вакилону адибонест, ки пайваста дар андешаи беҳбудии рӯзгори мардум аст.  Бо ибтикори ин вакили халқии ноҳияи Восеъ  соли 1988 пайроҳаи маҳаллаи Дашти Дилӣ ба масофаи 1 километр сохта шуд. Ҳамон сол бо талошу навиштанҳои Садриддин Ҳасанзода дар мавзеи Дашти Дилӣ бо маблағгузории сокинони маҳаллӣ масҷиди замонавӣ бунёд гашт, ки сокинон аз ин амалҳо шоданд. Бо кӯшиши ӯ соли 1989 дар ҳамин маҳалла  чоҳи оби нӯшокӣ ва моҳи сентябри соли 1991 бинои Мактаби ибтидоии №56 бунёд шуд. То ин вақт хонандагон масофаи 3 километр роҳро тай карда, ба мактаб мерасиданд. Инчунин, бо ташаббуси нависанда дар замони соҳибистиқлолӣ низ ободкориҳо ҷараён доранд. 
Бояд гуфт, ки панҷ сол аст бо ибтикори устоди ватандӯст ба мақсади ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонон дар таълиму тадриси илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ, рушди соҳаи илму маорифи кишвар ҷоизаи ба номи Абдуллоҳ Ҳасанов таъсис ёфтааст. Ҷоиза 1-уми июн ба шарафи Рӯзи кӯдакон ба панҷ нафар беҳтарин донанда ва омӯзгори илмҳои мазкур дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ ва ашёву анҷоми хонандагон тақдим мегардад. Бо дастгирии нависанда аз соли 2001 миёни варзишгарони мактабҳои деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов сабқатҳо аз рӯйи варзиши намуди волейбол, футбол, тенниси рӯйимизӣ, шашкаву шоҳмот ва ғайраҳо баргузор мегарданд. 
Хидмати арзишманди нависандаи маҳбуби халқ ба тамоми маънояш он аст, ки ӯ вазъияти ногувори муассисаҳои фарҳангӣ-маърифатиро дида, дар роҳи ҳаллу фасли мушкилот талош мекард. Аз ҷумла, чор сол пеш бо маслиҳати аҳли оила ва бо қарори раиси ноҳияи Восеъ дар манзили истиқоматиаш китобхонаи оммавӣ таъсис дод. Ҳоло ин махзани дониш дорои 10 000 адабиёти илмиву оммавӣ, бадеӣ-публитсистӣ, фарҳангӣ, тиббӣ ва дарсӣ мебошад. 
Устоди муҳтарами мо Садриддин Ҳасанзода моҳи апрели соли равон ба 75-солагӣ қадам мегузорад. Устодро барои ба ин синни муборак расиданашон табрику шодбош мегӯем. Зиҳӣ, устоди ободкори мо!

Абдувалӣ АБДУРАҲМОНЗОДА, директори МН “Ирфон”
Муҳаммаднабӣ БАЁНӢ, муовини директори МД “Хонаи китоби Тоҷикистон”

Санаи нашр: 04.04.2024 №: 62
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив