ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОДАМ, КИ НАЯМ БАНДАИ АВҲОМУ ХУРОФОТ

ШОДАМ, КИ НАЯМ БАНДАИ АВҲОМУ ХУРОФОТ

04 апрел 2024, Панҷшанбе
39
0



Дар мулоқот ва суханронии Президенти кишвар бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мавзуъҳои зиёд ва муҳими ҳаёти кишвар, пеш аз ҳама, вазъи руҳоният ба таври ошкоро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ин рӯ, мо ба иҷмол дар бораи бархе аз ин мавзуъҳо изҳори назар менамоем:

Давлати демократӣ-дунявӣ ва имко-ниятҳои он. Воқеан, маҳз ҷомеаи демократӣ метавонад дар баробари эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ, ба арзишҳои динӣ низ арҷ гузорад ва барои эҳёю баргузории чорабиниҳои динӣ мусоидат намояд. 
Албатта, миллати мо ба осонӣ ба озодӣ, истиқлол, демократия даст наёфтааст, балки дар ин роҳ муборизаю ҷонфишонӣ кардааст, ба хурофот, ба ҷаҳл, ба бадхоҳони озодӣ, истиқлол, демократия ба набард бархоста, билохира пирӯз шудааст ва орзуҳои чандинасраи ниёгонамонро ҷомаи амал пӯшондааст. Зеро эшон ҳамеша дар орзуи озодӣ, истиқлол будаанд. Ин намунаҳо андак аз бисёранд, ки мо дар ин замина аз осори гузаштагон ба хониш мегирем:
Неъмате беҳтар аз истиқлол нест,
Бар чунин моида куфрон чӣ кунам? 
Хоқонӣ
Мевае нест беҳ зи озодӣ,
Натавон гуфт сарв бесамар аст. 
Соиб
Неъмате беҳтар зи истиқлол нест,
Ҳоҷати бисёр қилу қол нест. 
                                     Бетоб
Дастрасӣ ба осори динию илмӣ. Дар ин бахш Президенти кишвар қайд карданд, ки шаҳрвандони кишвар на танҳо имкони озоди иҷрои маросимҳо, балки имкони ба адабиёти зарурӣ, ки дар тарбияи динии аҳли ҷомеа заруранд, билкул ошно шуданро дар даст доранд. Чорабиниҳо ва нашри китобҳои зиёде, ки дар замони истиқлол сурат гирифтанд, далели ғамхории Ҳукумат ба қишри руҳонии кишвар метавонад буда бошад: «Ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмин намудани озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин хеле корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Дар соли 2009 бо ширкати олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор гардидани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид. Ҳамчунин, бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чопи осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардану се маротиба нашр намудани Қуръони карим ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардондани он аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар ин самт ба анҷом расидаанд…Таҳлилу баррасии иқдомоти тайи беш аз 32 сол амаликардаи Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат ба дин нишонаи он аст, ки давлати демократӣ ва дунявии мо дар роҳи таъмин намудани озодии виҷдон қадамҳои устувор гузошта, рисолат ва вазифаи таърихии худро дар назди мардуми эътиқодманд дар сатҳи зарурӣ иҷро карда истодааст». 
Худшиносӣ, ифтихор аз тоҷик будан, яъне тоҷикият. Дар ин қисмати суханронӣ Президенти кишвар оид ба худогоҳии миллӣ, яъне тоҷикият афкори муҳим ва дастурбахш ироа карданд, ки барои замони мо, хусусан насли ҷавон, ки дар дуроҳаи зиндагӣ қарор доранд, муфид ва ояндасоз мебошад. Ба қавли ӯ, «тамоми донишмандону бузургони миллати мо, аз қабили устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиву Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёниву Абуалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхию Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозиву Камоли Хуҷандӣ, Аҳмади Дониш ва устод Садриддин Айнӣ тавассути маърифату худшиносӣ дарк кардани муаммои дунёву охиратро талқин мекарданд. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон, хусусан ҷавонону наврасон, ки худро мусулмон ва пайрави мазҳаби ақлгарои ҳанафӣ меҳисобанд, ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки аз меросбари шахсиятҳои оламшумули илмию ахлоқӣ будани хеш ифтихор кунанд». 
Албатта, ифтихор аз мусулмон будани худ ҳуқуқи маънавии ҳар шаҳрванди кишвар маҳсуб мешавад, аммо мо, пеш аз ҳама, бояд аз инсон, бавижа тоҷик будани худ ифтихор намоем, мисли арабҳо, туркҳо, тоторҳо, ӯзбакҳо, қирғизҳо, туркманҳо ва соири миллатҳои мусулмони олам, зеро аз лиҳози мантиқ ҳам маълум аст, ки аввал инсон пайдо шуд, қавмҳо арзи ҳастӣ карданд ва пасон эътиқод ба вуҷуд омад. Аз ин хотир, мо, қабл аз ҳама, инсон, тоҷик ва баъд мусулмонем. Инро мо бояд ҳаргиз фаромӯш нанамоем. Имрӯз, ки дар ҷаҳон миллишавии башар башиддат боло мегирад, мо бояд, пеш аз ҳама, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем. Ин нукта дар суханронии Президент низ махсус таъкид ва таъйид гардид. Ба таъкиди Сарвари давлат, «ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар як наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор изҳор намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин, ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басо арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд». Ба гуфтаи аҳли қалам:
Ман аз пок фарзанди озодагонам,
Нагуфтам, ки Шопур бани Ардашерам. 
Носири Хусрав
Теғ мебояд гушуду ишқ мебояд чашид,
Нест дар туркӣ намак, тоҷик 
мебояд шудан. 
Толиби Омулӣ
Тоҷикам ман,
Ифтихорам аз гузашта бо дами 
шамшер нест,
Ифтихорам тохтан не, сӯхтан не,
ғорату тасхир нест,
Се ҷиҳозам буд аз рӯзи азал 
дар рӯзгор,
Се силоҳи зиндагонӣ – 
хомаю ною сипор. 
Ғаффор Мирзо
Дар қиссаву таърих чу озода бихонед,
Мақсуд аз озода шумоед, шумоед! 
Деҳхудо





ШОДАМ, КИ НАЯМ БАНДАИ АВҲОМУ ХУРОФОТ
Куфрони неъмат ва оқибати ногувори он. «Бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфтааст… Ман чунин мешуморам, ки нисбат ба ин масъала бетарафӣ ё муросокорӣ кардан баробар ба ин аст, ки саодати худ ва фарзандони хешро барҳам занем. Чунки бетарафӣ ҳам барои давлат ва ҳам барои миллат ба чӣ гуна ҳодисаву фоҷиаҳо боис мегардад, насли калонсоли кишвар ва аксари дар ин толор нишастагон хуб медонанд. Агар яке аз сабабҳои ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашидани аҳолӣ истифодаи ғаразноки эҳсоси динии мардум бошад, дигар омили асосӣ бетарафию бетафовутӣ нисбат ба тақдири давлат ва миллат буд… Дар чунин шароити тақдирсоз боз ҳам иддае аз роҳбарону зиёиён нисбат ба тақдири ояндаи фарзандону набераҳои худ бетарафӣ нишон додаанд ва ин боис гардид, ки кишвари нав ба истиқлолрасидаи мо ба ҷанги таҳмилӣ кашида шавад». Дар ҳақиқат, куфрони неъмат ва бетарафию тафовутӣ на танҳо дирӯз барои мо хатарнок буд, балки имрӯз низ хатарнок мебошад. Мо бояд мавқеи муайян дошта бошем. Беҳуда нагуфтаанд, ки ё зангии Занг бош ё румии Рум! Аз дур наззора кардан, беҳувиятӣ, бетарафӣ амали номардон аст. Аз ин рӯ, 800 сол қабл аз ин Мавлонои Балх ба ин гуна афрод моҳияти бади бетарафиро фаҳмонда буд:
Дарнеҳ қадам, арчи роҳ бепоён аст,
К-аз дур назора кори номардон аст. 
Ва ҳамчунин Ассори Табрезӣ гуфта буд:
Агар дорӣ ҳунар, бархезу бинмой
Чӣ бошӣ дар канор, андар миён ой! 
Ҷаҳлу нодонӣ – омили ифротгароӣ. Дар ҳақиқат, яке аз авомили ба гурӯҳҳои радикалӣ ва ифротӣ ворид шудани ҷавонон, пеш аз ҳама, камсаводии аҳли ҷомеа, ҷаҳлу таассуб ва зери таъсири неруҳои бегона қарор гирифтани онҳо мебошад. Дигар, фаъолияти нокифоя ва камсамари ниҳодҳои динӣ, ташвиқу тарғиби нодурусти дин, худношиносиву худоношиносии аҳли ҷомеа сабаби рух додани ҳодисаҳои манфӣ, ривоҷ пайдо кардани таассуб, хурофот ва авомфиребӣ дар ҷомеа, ба таври боиставу шоиста риоя нагардидани қонунҳои «Дар бораи танзим ва анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маҳсуб мешавад. Агар аҳли дин, падару модар, олимону адибон дар бораи зарари ҷаҳлу нодонӣ, таассубу хурофот, исфрофкорӣ, масъулияти падару модар тибқи талаботи Ҳукумат, замон амал мекарданд, аз роҳҳои самарабахши таъсиррасонӣ, фаҳмондадиҳӣ, тарғибу ташвиқи судбахш кор мегирифтанд, имрӯз ин камбудиҳои ҷойдошта ва рухдодҳои манфӣ боиси нигаронии давлат ва аҳли ҷомеа намегардид, балки худшиносию худошиносии аҳли ҷомеа боло мерафт, зеро наку гуфтаанд:
Ҷаҳл чу бисёр шуд, нест кам аз кофарӣ,
Аз раги гардан бувад риштаи зуннори мо. 
Шавкати Бухороӣ

Аз худнашиносон маталаб дидаи ҳақбин,
Ҳақро чӣ шиносанд зи худ бехабаре чанд? 
Соиб

Сахтгирию таассуб хомӣ аст,
То ҷанинӣ кор хуношомӣ аст. 
Мавлавӣ

Ғам наёмад бари мо бе мадади даври сипеҳр,
Тифл бе саъйи падар ҷониби устод нарафт. 
Толиби Омулӣ
Ҳаҷ ва маросими иҷрои он. Албатта, дар замони соҳибистиқлолӣ имконияти ба ҳаҷ рафтани шаҳрвандон зиёд гардид, аммо ифроту тафрит дар он, исрофкорӣ, риоя накардани талаботи ҳаҷ, тақлиду мусобиқа дар ин роҳ, надонистани фармудаҳои дини ислом, ки ҳаҷ барои кӣ зарур аст ва барои кӣ не, мақсади ҳаҷ, ҳоҷиталабон, ҳоҷизиёрат ва ғайра ҷомеаро барҳақ нигарон сохтааст. Аз ин хотир, Президенти кишвар як бахши суханрониашро ба ин мавзуъ ихтисос дода, аз мутахассисони соҳаи дин, ходимони он, кормандони Академияи миллӣ ва соири донишмандон, ки дар назди ҷомеа масъулият ҳис мекунанд ва аз масоили динӣ бохабаранд, даъват ба амал овард, ки онҳо бояд мардумро дар ин самт раҳнамоӣ кунанд: «Ба истифода аз фурсати муносиб, ба роҳбарону мутахассисони соҳаи дин, ходимони дин, ки дар назди мардум ва Худову Расул эҳсоси масъулият доранд, кормандони Академияи миллии илмҳо ва дигар донишмандоне, ки масоили диниро хуб медонанд, муроҷиат мекунам, ки бо мардум кор кунед, роҳи дурусти диёнату маърифатро нишон диҳед, то ки одамон сиёҳро аз сафед ва зиёнро аз фоида фарқ карда тавонанд». Воқеан, дар ин маврид гуфтаи Унсурулмаолии Кайковусро аз «Қобуснома», ки ба ҳаҷ ва шароити адои он оид аст, ба хониш гирифтан бесуд нахоҳад буд: «Ва бидон, эй писар, ки дарвеше агар қасди ҳаҷ кунад, худро дар таҳлука андохта бошад, чи ҳар дарвеше, ки кори тавонгарон кунад, чун беморе бувад, ки кори тандурустон кунад...» .
Ватан ва ватандӯстӣ. Ин мавзуъ, ки бахши хотимавии маърузаи Президенти кишварро фаро мегирад, мавзуи рӯз аст, мавзуест, ки буду набуди мо ба он вобастааст, зеро меҳри Ватан ва дифои он аз муқаддасоти инсонӣ, миллӣ ва динӣ маҳсуб мешавад. Дар ин бора гузаштагону имрӯзиёни мо суханони зиёд ва дархури  аҳамият гуфтаанд. Хусусан, ки ватандӯстиро гӯшаи имон талаққӣ кардаанд. Аз ин рӯ, нақши ходимони дин дар ин самт хеле муҳим мебошад ва онҳо набояд бетарафӣ зоҳир кунанд. Чунонки, Президенти кишвар таъкид менамоянд: «Ходими дини масъулиятшинос ва дӯстдори Ватану миллату давлат ҳеҷ гоҳ дар корҳои неки тарбияи ахлоқии ҷомеа, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бетарафӣ намекунад ва саҳми худро дар ободии Ватан ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар мегузорад. Шумо шояд аз дигарон беҳтар медонеду мефаҳмед, ки ҳубби Ватан, яъне дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст». Ин маъниро адибон низ мукаррар дар осорашон таъкид кардаанд:

Ҳар киро меҳри Ватан дар дил набошад кофар аст,
Маънии ҳуббулватан фармудаи пайғамбар аст…
Гар бибояд мурд, боре хезу дар майдон бимир,
Марг дар майдон беҳ аз марге, ки андар бистар аст!.. 
Маликушшуаро Баҳор

Гар кунам ёд зи бутхона, маро айб макун,
Ҳар киро ҳубби Ватан нест, мусулмоне нест! 
Назирии Нишопурӣ

Ҳамин тариқ, имрӯз моро беш аз ҳар вақти дигар зарур аст, ки бар зидди ҷаҳлу нодонӣ, бехабарию гумроҳӣ, тангдилию тангназарӣ, ғафлату бетафовутӣ, хурофоту таассуб, ки, мутаассифона, дар ҷомеа ҷой доранд, пайкор намоем, зеро раҳоӣ аз асорати таассубу хурофот танҳо бо ақлу хиради солим ва илму дониши чун теғ буранда имконпазир асту бас. Дарвоқеъ, ин гуфтаи шоири озода Бориқ Шафеӣ барои мо бояд намунаи ибрат бошад:
Шодам, ки наям бандаи авҳому хурофот,
Ҷуз шоҳиди зебои ҳақиқат напарастам! 

Ҷамолиддин САИДЗОДА, адабиётшинос  


Санаи нашр: 04.04.2024 №: 62-63
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив