ТАВАҶҶУҲ! ТАҶРИБА БАРОИ ИСТИФОДАБАРӢ! МАНБАИ ХУБИ НЕРУИ БАРҚИ МОШИНИ САБУКРАВ!
Алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 700 ҳазор воситаи нақлиёт истифода мегардад, ки тахминан 0,04 фоизи воситаҳои нақлиёти ҷаҳониро ташкил медиҳад. Дар ҷаҳон тақрибан 1,5 миллиард воситаи нақлиёт ҳамарӯза мавриди истифода қарор мегирад. Мусаллам аст, ки муҳаррики воситаҳои нақлиёт бо истеҳсоли неру барои ба ҳаракат даровардани механизми мошинҳо хизмат менамояд.
Рӯшан аст, ки ҳангоми ба ҳаракат даровардани муҳаррики мошин неру, аввал, аз аккумулятор манбаъ мегирад ва, баъдан, генератор аккумуляторро бо неру тамин мекунад. Бинобар пайваст будани генератор бо тири зонушакл тавассути тасмаҳо, баъд аз пур шудани аккумулятор бо неру ҳангоми ҳаракати мошин тақрибан 50 фоизи неруи истеҳсолшуда талаф меёбад. Дар аксари мошинҳо тавоноии генератор 400-500 Вт мебошад. Яъне, барои имконияти ҷамъоварии ин неру дар аккумулятори захиравӣ ва истифодаи минбаъдаи онҳо дар кору рӯзғори ҳаррӯзаи мо бидуни дигар манбаъҳои барқӣ имконпазир аст.
Барои дар амал татбиқ намудани он лозим аст: як дона аккумулятори ҳаҷмаш 100 Ампер/соат, калиди барқӣ, табдилдиҳандаи аз 12 Волт ба 220 Волт, 1-2 метр кабели барқӣ. Ин асбобҳои барқӣ дар бордони мошин ҷойгир мешаванд. Пас аз кори муътадили муҳаррик аккумулятори захиравиро бо генератор тавассути калиди барқӣ пайваст менамоем. Баъди анҷоми кори мошин, тариқи калиди барқӣ неруи аккумуляторро ба табдилдиҳанда равон мекунем, табдилдиҳанда неруи доимии 12 Волтро ба шиддати 220 Волт, лаппиши 50 Герс мегардонад. Барои таъмини бехатарии электрикӣ аз сими алоҳида истифода мебарем.
Муҳлати истифодаи неруи аккумулятор вобаста аст аз ҳаҷми ғунҷоиши он, мисол, як фурӯзонаки каммасрафи диодии 10-Ватта, 1 Ампер неру истемол мекунад, яъне як аккумулятори 100-ампера қодир аст 100 соат беист равшанӣ диҳад. Ин таҷҳизот имкон дорад ба телефонҳои мобилӣ, телевизорҳои замонавӣ, радио, ноутбук ва ғайра неруи босифат диҳад.
Ғояи асосии кашфиёти зикрёфта дар истифодаи мақсадноки неруи талафшаванда мебошад, ки барои сарфи неруи барқ аз манбаъҳои таъмини мутамарказ, таъмини оила бо неруи барқ ва ҳоказо тартиб ёфтааст. Ҷанбаи экологии ин кашфиёт аз сарфаи захираҳои табиӣ барои истеҳсоли неруи барқ, паст кардани таъсири фаъолияти воситаи нақлиёт ба муҳити зист, танзими ҷудошавии неруи зараровар ба муҳит ва истифодаи самараноки он ва ҳоказо зоҳир мегардад.
Ашхосе, ки автомашина доранд, ба осонӣ метавонанд аз ин ихтирои нав истифода намуда, эҳтиёҷоти худро бо неруи барқ таъмин созанд ва ҳам дар татбиқи технологияи сарватсарфакунанда, беҳтарсозии вазъи муҳити зисти кишвари биҳиштосоямон саҳми босазо гузоранд.
Пешниҳоди мо бо дастури иҷрокунандаи вазифаи директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ф. Холмуродов ҳоло мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Фирдавс Раҳимов, соҳибкори инфиродӣ, бо истифода аз ин таҷриба изҳори қаноатмандӣ дошта, мегӯяд, ки идеяи хуб аст ва ин тарзи гирифтани неруи барқ ба кори муҳаррик зарар намерасонад.
Ҳоло бо дастури муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ихтирои мазкурро мутахассисони бахши энергетикаи МИҲД-и вилоят мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Эътимод дорем, ки истифодаи мардум, хусусан онҳое, ки соҳиби автомашинаанду дар шаҳраку русто иқомат доранд, аз ин ихтироъ каме бошад ҳам, баҳра бардошта, мушкилоти набудани барқро як муддат эҳсос намекунанд!
Нуъмон ҲАСАНОВ, муҳандис,
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”