ПАЁМ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАСЪУЛИЯТ АСТ!
Тибқи нишондоди Конститутсия ҳар сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ Паём ироа мекунанд.
Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28-уми декабри соли 2023 ироа гардид, бо сатрҳои фараҳбахшу дилгармкунанда оғоз ёфт: «Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд».
Сардори давлат дар идома таъкид намуданд, ки дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд шуд. Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд ва ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати дар 7 соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххас амалӣ намояд.
Воқеан, бо мақсади беҳбудии шароити зиндагӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат якчанд барномаю стратегияҳои махсус амалӣ гашта истодаанд. Чунончи, дар давоми 20 соли охир дар кишвар се ҳуҷҷати паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ду барномаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардиданд. Ҳоло татбиқи 176 барномаи давлатӣ ва Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 идома дорад. Барои татбиқи стратегияву барномаҳои мазкур дар 20 соли охир аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 174 миллиард сомонӣ равона шудааст.
Дар Паём зикр гардид, ки дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ, равона карда шуд. Дар баланд шудани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши муҳим дорад. Тавре Сардори давлат дар Паём ёдовар шуданд, соли сипаригардида соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5000 ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд.
Дар маҷмуъ, Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мукаммал ва зина ба зинаи рушди ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, самтҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакатро муайян менамояд.
Ҳар яки моро лозим аст, ки тибқи салоҳияту рисолат барои амалисозии нуктаҳои Паём софдилона меҳнат намуда, дар пешрафти мамлакат саҳми арзанда гузорем.
Дониёр РАҲМОНОВ,
ёрдамчии прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ
ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ