ВАНҶ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ ЛИМӮПАРВАРӢ
Баъди гузарондани таҷриба ва тадқиқот аз ҷониби кормандони минтақаи илмӣ-таҷрибавии саҳроии мавзеи Ҷангали Зугои ноҳияи Ванҷ дар ин минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ташкили гармхонаҳои лимӯ оғоз намуданд.
Тибқи иттилои сармутахассиси бахши кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ Мирзошо Иматшоев тайи солҳои истиқлолияти давлатӣ дар қисматҳои поёнии ноҳия танҳо гармхонаҳои парвариши помидору бодиринг ва дигар намуди сабзавот ба роҳ монда шуда буду халос. Аз ҷумла, тайи солҳои охир дар хоҷагиҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Муҳамаддуло Абдуллоев ва Вотхуду Язгулом якчанд гармхонаҳо бунёд шудаанд, ки ҳоло фаъолияташон бобарор аст. Узви хоҷагии деҳқонии ба номи Қобиламо Баротова Зиёратшо Эркаев ҳар сол дар гармхонаи худ 4-5 тонна сабзавоти барвақтӣ парвариш менамояд. Тайи чанд соли охир кормандони минтақаи илмӣ-таҷрибавии мавзеи Ҷангали Зугои Институти биологии Помири Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоиш гузаронда, ба хулосае омаданд, ки дар қисмати поёнии ноҳия дар гармхонаҳо парвариши лимӯ ва дигар анвои меваҳои ситрусиро ба роҳ мондан мумкин аст.
Яке аз нахустин гармхонаи парвариши ниҳоли ситрусиро зодаи деҳаи Гишхун Ҳайдар Фаёзов бунёд кард. Ӯ бо ҳамроҳии бародаронаш як макони бекорхобидаи канори деҳаро тахту ҳамвор карда, гармхонаи лимӯ бунёд намуд. Ниҳолонро аз шаҳри Душанбе, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва минтақаи илмӣ-озмоишии Дашти Роғаки водии Нулванди ноҳияи Дарвоз дастрас карданд. Соли гузашта бештар аз 30 адад ниҳол ба баҳра даромад. Ҳайдар Фаёзов, писараш Пайрав ва бародаронаш Акбару Назар ният доранд, ки баҳори имсола масоҳати лимӯхонаҳоро боз ҳам васеътар намуда миқдори ниҳолонро бештар намоянд. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки бо заҳмати хуб онҳо собит карданд, ки дар минтақаҳои поёнии ноҳияи Ванҷ низ, ба мисли ноҳияи Дарвоз дар баробари дигар анвои меваҷот ва сабзавот ба ситруспарварӣ машғул шудан мумкин аст ва аз ин соҳаи камхарҷи афзалиятнок дарёфти фоидаи хуб имконпазир мебошад.
Бояд зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ванҷ ва суханрониашон миёни роҳбарон ва фаъолон ба аҳли деҳот маслиҳат доданд, ки дар баробари себу ноку амруд ба дигар самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ, ки дар ноҳия шароиту имкониятҳои муносиб мавҷуданд, машғул шаванд. Аз ин лиҳоз, иқдоми Ҳайдар Фаёзов ва бародарону писараш дар ин ҷода шоёни таҳсин аст.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор