ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА “ҶУМҲУРИЯТ” ҶАВОБ ОМАД

БА “ҶУМҲУРИЯТ” ҶАВОБ ОМАД

11 апрел 2024, Панҷшанбе
16
0

АЗ ОХИРАНДЕШӢ ТО ТАДБИРАНДЕШӢ
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби Қурбоналӣ Раҳимовро, ки таҳти унвони «Решаи чаҳл дар куҷост?» («Ҷумҳурият», 29-уми марти соли 2024) ба чоп расидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад:

Кумита бо мақсади тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллии занону ҷавонон, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ ва худшиносии миллӣ, пешгирӣ намудани омилҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили таълимоти ғайриқонунии динӣ, хурофоту таассуб, бегонапарастию шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштарак бо вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, САҲШ дар байни қишри гуногуни ҷомеа мунтазам суҳбату мулоқотҳо, вохӯриҳо, аксияҳо ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва иттилоотӣ, корбарии инфиродӣ бо усули «хона ба хона»-ро доир намуда, дар рафти баргузории чорабиниҳои оммавӣ вобаста ба мавзуъҳои баррасишаванда ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ тақсим мекунад. Ин як василаи хуби пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Мавриди зикр аст, ки вобаста ба масъалаи пешгирии ҳолатҳои бегонапарастӣ дар байни занону духтарон тибқи нақшаи дохилиидоравии Кумита моҳи январи соли 2024 дар Ҷамоати деҳоти Сабо ва Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав, Ҷамоати шаҳраки 30 - солагии Истиқлоли ноҳияи Файзобод ва маркази шаҳри Ваҳдат бо аҳли ҷамоатчигӣ суҳбатҳои муфид доир гардиданд.
Чунин суҳбату вохӯриҳо аз 5-ум то 20-уми феврали соли равон бо фарогирии 300 нафар аҳли Ҷамоати шаҳраки Фархори ноҳияи Фархор, Ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ бо фарогирии 120 нафар, деҳаи Тутаки Ҷамоати шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинг бо фарогирии 150 нафар, деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти С.Амиршоеви ноҳияи Балҷувон бо фарогирии 100 нафар, Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик бо фарогирии 270 нафар, инчунин, Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён бо иштироки зиёда аз 100 нафар, Ҷамоати шаҳраки Балхии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки 150 нафар, Ҷамоати деҳоти Истиқлол, деҳаи Вахш бо иштироки зиёда аз 120 нафар ва дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 бо омӯзгорон ва хонандагон, деҳаи Махдумқулии хоҷагии деҳқонии Абдурозиқ бо занону ҷавондухтарони ноҳияи Ҷайҳун, Ҷамоати деҳоти Намуна ва деҳаи Пешқадам 2-и ноҳияи Панҷ бо иштироки 270 нафар аҳли ҷамоат суҳбату вохӯриҳои судманд доир гардиданд.
12-уми марти соли 2024 дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи марказии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзуи "Нақши оила дар ҳифзи мероси ниёгон ва худшиносии миллӣ" бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Кӯшониён мулоқот доир гардид.
Ҳамзамон, моҳи марти соли равон дар самти баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи худшиносии миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасот ва фарҳанги миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, хурофоту иртиҷопарастӣ, пешгирии ба фарҳанги бегона даст задани занону духтарон, нашъамандию ҷинояткорӣ суҳбату мулоқотҳои судманди роҳбарияти Кумита дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№6, 10, 11, 26, 34, 52-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ, аз ҷумла имомхатибон, раисони маҳаллаҳо, ҷавонон, занон, фаъолон, собиқадорони меҳнат бо фарогирии 25 маҳаллаи ноҳия баргузор гардид. 
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ соли шашум аст, ки шуруъ аз 1-уми март то 31-уми май дар тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аксияи тарғиботии "Тоҷикона мепӯшем" роҳандозӣ гардида, ҳамзамон, Фестивали "Сад ранги чакан", ки даври ҷамъбастии он 19-уми апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе доир мешавад, дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардида истодааст.
Дар ин раванд, дар се моҳи соли 2024 аз ҷониби Кумита ва сохторҳои он дар маҳал зиёда аз 578 суҳбату мулоқот, 369 чорабинии маърифатӣ-ахлоқӣ, 1793 кори тарғиботию ташвиқотӣ, 2379 суҳбати инфиродӣ бо усули «хона ба хона» доир гардиданд.
Кумита минбаъд низ ҷиҳати коҳиш ва пешгирӣ намудани омилҳои болозикр тадбирандешӣ намуда, силсилаи чорабиниҳои тарғиботӣ- ташвиқотӣ, фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотиро боз ҳам вусъат мебахшад.

3.Қ. АБДУЛМАИНЗОДА 
муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 11.04.2024 №: 66-67
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив