ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». ТОҶИКИСТОНРО ГУЛИСТОН МЕКУНЕМ

«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». ТОҶИКИСТОНРО ГУЛИСТОН МЕКУНЕМ

11 апрел 2024, Панҷшанбе
23
0


Имрӯзҳо ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардондани маҳали зист, вусъати корҳои ободонӣ, созандагиву бунёдкорӣ, бедор намудани завқи зебоипарастиву зебоишиносӣ ва маърифати экологӣ, тозаву озода намудани хона, кӯча, маҳалла дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар мардум бо дили гарм дар хуррамгардонии Ватан саҳм гузошта истодаанд.
Зикр бояд намуд, ки соли шашум аст дар саросари кишвар Фестивали ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор мегардад. Фестивали мазкур мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми декабри соли 2018 ташкил шуда, дар тамоми шаҳру навоҳӣ оғоз аз моҳи март то нимаи дуюми моҳи апрел идома меёбад. Зимни баргузории он беҳтарин композитсия,  дизайни ҷолиби  гулзор ва сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ муайян ва қадрдонӣ мешаванд. 
Шаҳри Душанбе низ, ин чорабиниро ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн мегирад. Дар рафти озмун кори дастии ҳамаи гулкорону тарроҳон қадрдонӣ мегардад. Озмуни номбурда аз панҷ номинатсия: «Боғи беҳтарин», «Гулгашти беҳтарин», «Кӯча ё хиёбони беҳтарин», «Гулпарвари беҳтарин» ва «Композитсияи беҳтарин» иборат буда, дар ду - ноҳиявӣ ва шаҳрӣ  баргузор гардид. Тибқи нақша, дар доираи Фестивал  корҳои шинондани тухмии  пиёзаки гули лола  ҳанӯз аз моҳи ноябри соли  2023  оғоз гардида,  дар кӯчаву хиёбон, боғу гулгаштҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва мавзеъҳои алоҳидаи шаҳр  зиёда аз 6 миллиону шашсад ҳазор дона  гули лола  бо дизайн ва композитсияи муосир шинонда шуд. Ба ин хотир дар номинатсияи «Боғи беҳтарин» - «Боғи Аҳмади Дониш» зинаи 1-умро соҳиб гашт. Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоот» («Боғи устод Рӯдакӣ») ҷойи 2-юм ва Боғи ба номи Садриддин Айнӣ ҷойи 3-юмро  ишғол намуданд.
Дар номинатсияи «Гулгашти беҳтарин» - гулгашти назди Сирки давлатӣ зинаи аввал, гулгашти назди муҷассамаи Садриддин Айнӣ зинаи дувум ва гулгашти хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд. Дар номинатсияи «Кӯча ё хиёбони беҳтарин» - хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойи якум, кӯчаи Аҳмади Дониш ҷойи дуюм, хиёбони Рӯдакӣ ҷойи 3-юмро гирифтанд. Дар номинатсияи «Композитсияи беҳтарин»  мавзеи назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ сазовори ҷойи якум, мавзеи назди бинои Сирки давлатӣ - ҷойи дувум ва мавзеи гулгашти хиёбони Рӯдакӣ сазовори ҷойи сеюм гаштанд. «Гулпарвари беҳтарин» - корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур Муҳсиддин  Соибов дониста шуд. Ҷойи 2-юм ба гулпарвари Муассисаи давлатии раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ Амина Алиева ҷойи 3-юм ба гулпарвари Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино Робияхон Сафарова насиб гашт. 
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 11.04.2024 №: 66-67
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив