СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
12-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарварони давлатҳо вазъи вобаста ба обхезии баҳориро дар як қатор минтақаҳои Қазоқистон баррасӣ намуданд. Сарвари давлати мо дастгирии ҷониби моро аз мардуми бародари Қазоқистон дар робита ба обхезиҳои калонмиқёс дар он кишвар изҳор карданд.
Пешвои миллат зимни ёдоварӣ аз тадбирҳои зарурии муассир ва саривақтии Ҳукумати Қазоқистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавӣ ва коҳиши оқибатҳои офати табиӣ, изҳори бовар намуданд, ки пайомадҳои он дар фурсати кӯтоҳ рафъ хоҳанд шуд.
Дар ин робита, Президенти Тоҷикистон таъкид доштанд, ки, аллакай, Ҳукумати кишварро доир ба фавран омода кардани ёрии башардӯстонаи иборат аз хӯрокворӣ ва маводи ниёзи аввалия барои фиристодан ба минтақаҳои осебдидаи Қазоқистон вазифадор намуданд.
Сарварони давлатҳо дар идомаи суҳбат масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ карда, азми тарафҳоро барои идомаи ҳамкории зичи ду кишвар дар қолабҳои гуногун таъкид сохтанд.
Дар рафти суҳбат, ҳамзамон, оид ба барномаи мулоқотҳои наздик дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба табодули афкор сурат гирифт.