ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

07 март 2023, Сешанбе
217
0

НУРИ  ДУОИ  МОДАР

Як умр бар сари мост дасти дуои модар,
Бахту бақои дунёст дасти дуои модар.

Ҳар як дуои модар чатри сари ҷаҳон аст,
Зеро, ки меҳри модар хуршеди осмон аст.

Модар ягона хуршед, модар ягона дарёст,
Модар ҷаҳони меҳр аст, модар ягона дунёст.

Сайёра гирад ором аз аллаҳои модар,
Тӯмори ҳастии мост дасти дуои модар.

Дасти дуои модар, дасти раҳои фардост,
Андар дуои модар амри бақои дунёст. 

Оянда пойдор аст аз муддаои модар.
Мо некбахту шодем аз як дуои модар.

Дасти дуо бубардор, к-олам дар изтироб аст,
Бе панду амри модар дунё ҳама хароб аст.

Модар, ту аллае хон, к-ором гирад олам,
Бар дарди зоти одам танҳо ту ҳастӣ марҳам.

Гаҳвораи заминро то субҳ алла хонӣ
Гаҳвораи замонро танҳо ту посбонӣ.

Мову туро кунад ҳифз танҳо дуои модар,
Сад ҷону дил фидо кун дар пеши пои модар.


МОДАР ВА ДУНЁ 

Дунё дили бози модарон аст,
Дарвозаи рози модарон аст.

Ин халқ, ки ҳосили фари ӯст,
Файзи ҳама даҳр аз дари ӯст.

Модар ва ҷаҳон – ду коҳи лозур,
Модар ва ҷаҳон – ду сурати сур.

Эзад, ки бикард одам эҷод,
З-он баъд ба модарон варо дод.

Яъне, ки бузургтар зи модар
Кас нест дар ин ҷаҳони бе дар.


ДУОИ МОДАР

Дуои ту, модар, тилисми ҳаёт аст,
Дуои ту, модар, умеди наҷот аст.

Зи чанги гуноҳам раҳо кун, раҳо кун,
Барои мани худ  дуо кун, дуо кун.

Чу мӯйи сафедат дили ту  сафед аст,
Дуои ту модар калиди умед аст.

Дуои ту дорад шукӯҳи Худованд,
Зи дӯши ту борад футӯҳи Худованд.

Биёмурз, модар, зи ғамҳо раҳо бахш!
Ба нури дуоят ба ҷонам сафо бахш!

Чароғи дуои ту дар ҷони ман бод!
Шукӯҳи нигоҳат нигаҳбони  ман бод!

Дуоят нигаҳбон, дуоят бипарвард,
Дуоят шифоям намуд аз ҳама дард.

Дуои ту, модар, тилисми ҳаётам,
Сафоям, бақоям, нишотам, наҷотам...


ЧАРОҒИ ДУО

Як  дуои модар эмин дорад аз садҳо хатар,
Бигзаронад аз миёни сад балоят безарар.
Як дуои, модар аз сад ганҷи Қорун беҳтар аст,
Ҳар дуои ӯ чу тӯморе бувад, к-орад зафар.

Дар шаби торат дуои ӯ чароғи рӯшан аст,
Дар дили зиндон дуои ӯ бароят равзан аст.
Дорад эмин аз ҳазорон захми теғу тири наҳс,
Дар тани покат дуои неки модар ҷавшан аст.

Муттакои рӯзгори ман дуои модар аст,
Сирри бахти ман, барори ман дуои модар аст.
Ҳамду бисмиллоҳи ман, мушкилкушои роҳи ман,
Зӯри дил, файзи канори ман дуои модар аст.

Бигзаронад зинда аз сад маргу туфони бало,
Берун орад аз дили чоҳу зи коми аждаҳо,
Он қадар нолад, ки то даргоҳи Ҳақ раҳ во кунад,
То бирезад бар сари ту лутфу эҳсони Худо.

Модари ман – Меҳани ман, қалъаи виҷдони ман!
Аз ҳама он дури дуриҳо балогардони ман!
Бо дуои ту дар ин дунё саодат ёфтам,
Ҳам дар он дунё дуоят бод пуштибони ман

Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон

Санаи нашр: 07.03.2023 №: 51
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив