ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МИНТАҚАИ РАШТ. АЗ МУЛОҚОТ ЧӢ БАРДОШТ ДОРАНД?

МИНТАҚАИ РАШТ. АЗ МУЛОҚОТ ЧӢ БАРДОШТ ДОРАНД?

18 апрел 2024, Панҷшанбе
12
0

 
Хабарнигори “Ҷумҳурият” бардошти сокинонро аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар ноҳияҳои минтақаи Рашт мавриди омӯзиш қарор дод. Гуфта мешавад, ки тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти мазкур дар чойхона-фароғатгоҳҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ сурат гирифт.
Вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои он, нахуст Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияҳои минтақа бо аҳли зиё, фаъолон, ходимони дин ва дигар намояндагони ҷомеа вохӯрд. Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, Лахшу Нуробод ва Сангвору гурӯҳҳои таблиғотӣ дар ҳайати аҳли зиё, эмомхатибони масҷидҳои ҷомеу панҷвақта, омӯзгорон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо таъсис дода шуда, дар фароғатгоҳҳои маҳалҳои аҳолинишин бо мардум суҳбату вохӯриҳо доир гардида истодааст.
Заррина Идизода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома дар ин хусус ёдовар шуд, ки сокинони ноҳия, бахусус соҳибкорони ватандӯст барои ободу зебо гардондани диёрашон тамоми имкониятҳои доштаашонро равона  месозанд. «Вохӯриҳои мо бо мардум бештар дар ҳамин мавзуъҳо сурат мегиранд. Аз мулоқоти Пешвои миллат чанде аз саховатпешагоне, ки як маротиба адои Ҳаҷ карда буданд, бардошт намуда, тасмим гирифтаанд, ки маблағҳои ҷамънамудаашонро дар корҳои ободонию созандагӣ, аз қабили бунёди пулу таъмири роҳҳо, сохтмони китобхонаҳою бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳо ва синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои соҳаи маориф, инчунин, дастгирии оилаҳои ниёзманд сарф намоянд. Мо тавсия дода истодаем, ки маблағҳои дар ин ҷода равонамекардаашонро ба хариди компютеру мизу курсӣ ва дигар ашёи таълим барои муассисаҳои соҳаи маориф сарф намоянд.  Аз  ин  ҳисоб  ва аз ҳисоби маблағҳои фитри рӯза ҷамъшуда барои як нафар модари сарбози шаҳид хонаи истиқоматӣ месозем», – гуфт З. Идизода.
Қадриддин Фақерзода, раиси ноҳияи Тоҷикобод, зимни суҳбат гуфт, ки тавре Пешвои миллат баён доштанд: “Хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад”. Хурофот, воқен ҳам, ҷоҳилият аст. Вақте мардум ба хурофот дода мешаванд, сатҳи маърифатнокию донишомӯзиашон паст мегардад ва ҳамаи ин боиси монеи рушд мешавад. Қ. Фақерзода гуфт: «Мо бо ходимони дин якҷоя бар зидди хурофот мубориза бурда истодаем. Намояндагони дин дар ноҳияи мо дар корҳои ободонӣ, таблиғотию ташвиқотӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Махсусан эмомхатибони масҷидҳо ба ҳамаи корҳои таблиғотӣ, созандагию ободонӣ сафарбар карда мешаванд. Ду бору се бор ва зиёда аз ин сафари Ҳаҷи умра кардан дар ноҳияи мо кам ба назар мерасад. Ният дорем, ки корҳои ободонию хуррамгардониро дар ноҳия вусъат бахшида, дар ҷодаи тарбияи дурусти фарзандон ба хотири шомил нашуданашон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гурӯҳҳои таблиғотиро боз ҳам пурзӯр менамоем».
Шоҳимардон Шербекзода, муовини раиси ноҳияи Лахш, дар суҳбат изҳор дошт, ки вобаста ба ин мавзуъ ба ноҳия Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода, директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлат ва корманди Маркази исломшиносии ҷумҳурӣ Мирамбек Мирамбеков ташриф оварда, бо мардум суҳбату вохӯриҳо доир намудаанд. «Дар ноҳия намояндагони ду миллат зиндагӣ мекунанд. Пӯшида нест, ки Лахш ноҳияи наздисарҳадӣ мебошад,  бинобар ин, ба тарбияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Боиси хушнудист, ки аксари ҳаҷравандагони ноҳия танҳо ба ҳаҷи фарзӣ мераванд», – таъкид кард Ш. Шербекзода.  
Қурбоналӣ Сафиев, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, гуфт: «Сарвари давлат дар мулоқоташон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд. Ҳамчунин, дар хусуси равандҳои ташвишовари бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи амалиёти террористӣ, тундгароӣ ва ифротгароии динӣ ва таъсиргузории онҳо ба фазои иттилоотии мо ба таври возеҳу равшан ибрози андеша намуданд. Дар ноҳияи мо, агар чанде ки ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мегардад, мутаассифона ҳанӯз ҳам риоя накардани талаботи қонунҳои мазкур аз тарафи баъзе ашхос ба назар мерасад. Ва ё аҳён-аҳён ҷавононе ба чашм мерасанд, ки побанди хурофот гардидаанд ва ё ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гаштаанд. Дар натиҷаи бурдани чунин корҳои таблиғотӣ боварӣ ҳаст, ки хурофот решакан гардида, корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар ноҳия боз ҳам вусъат хоҳанд ёфт».
Абдулло Олимзода, муовини раиси ноҳияи Сангвор, дар ин бора гуфт, ки сокинони ноҳияи Сангвор баромади Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, дар ҷодаи ободонии диёрашон камари ҳиммат гузошта истодаанд. «Соли гузашта сокинони ноҳия аз ҳисоби садақаи фитрашон ба оилаи як сарбозе, ки дар задухӯрдҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон шаҳид шуда буд, хонаи истиқоматии нав сохтанд. Имсол  аз ин ҳисоб хонаҳои истиқоматии ду оилаи камбизоатро таъмир мекунем. Вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва хурофотпарастии бархе сокинон чораҳои судманд мавриди амал қарор мегиранд», – гуфт А. Олимзода.

Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 17.04.2024 №: 71
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив