ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶОМЕА. ҶАВОНОНРО АЗ ХАТОҲОИ ХАТАРЗО БОЗГАРДОНЕМ!

ҶОМЕА. ҶАВОНОНРО АЗ ХАТОҲОИ ХАТАРЗО БОЗГАРДОНЕМ!

18 апрел 2024, Панҷшанбе
24
0


Бешак, ҷавонони имрӯз бо фаъолияти фарогирашон дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа аз наслҳои чанд соли пеш аз назари мусбат тафовути чашмрас доранд. Мехонанд, меомӯзанд, ҳадафҳои созанда пешниҳод менамоянд ва пайваста кӯшиши онро мекунанд, ки барои ободиву оромии Ватан саҳми худро гузоранд. Вале боз ҳам ҷойи таассуф аст, ки чанде аз ҳамсолони ноогоҳу гумроҳашон бо амалҳои ғайриқонуниву ғайриинсонии худ чеҳраи онҳоро доғдор кардан мехоҳанд. Махсусан, чанд вақти охир авҷи мағзшӯӣ ва афзоиши гаравидани ҷавонони тоҷик ба сафи гурӯҳҳои мухталифи экстримистиву террористӣ доғ дар моҳтобро мемонад, ки хеле нигаронкунанда аст.
Албатта, вақте сухан дар бораи тарбия меравад, аввалтар аз ҳама, оила пеши назар аст, зеро, воқеан ҳам, оила аввалин мактабест, ки дар он кӯдак камол меёбад. Аз ин лиҳоз, тарбия маҳз дар ҳамин муҳит бояд дуруст ба роҳ монда шавад. Волидайн вазифадоранд, ки барои таълиму таҳсили дурусти фарзанд шароит фароҳам созанд.  
Аммо, мутаассифона, баъзе аз волидайн, ба қавле, хишти аввалро каҷ мегузоранд. Яъне, дар камолоти фарзанд саҳлангорӣ ва беэътиборӣ зоҳир намуда, барои ояндаи ҷигарбандони худ кӯшиш намеварзанд. Ҳамин аст, ки фарзандон ба роҳи бад: яке дунболи ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву дигаре аз пайи қонуншиканӣ мераванд. 
Дар натиҷа, тавре имрӯзҳо мебинем, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ аз масъалаҳои доғ ва хеле нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ҷавонон, ки аз муҳити хонаводагӣ тарбияи дуруст намегиранд, хому ноогоҳ зери таъсиру васвасаҳои шахсони сеюм қарор мегиранд. Пешвои миллат чанде пеш бо нигаронӣ вобаста ба ҳамин масъалаи доғ чунин иброз намуда буданд: “Солҳои охир аз ҷониби баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди дигар кишварҳои ҷаҳон амалҳои мудҳиши террористӣ содир шуда, ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба обрӯи давлати тоҷикон ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ иснод оварда истодааст”.
Далели собитшуда аст, ки сабаби дигари гумроҳ шудани ҷавонони мо гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ аксаран дар назди ба ном “муллоҳо”-и маҳаллӣ аст.  Маҳз чунин “муллоҳо”, ки худашон моҳияти дини мубини Исломро чандон дуруст дарк намекунанд, дидаву дониста муридони худро ба чоҳи ҷаҳолату нодонӣ мепартоянд. Аксаран ҳамин “тақводорон” дар зери ниқоби ислом баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ мафкураи ҷомеаро заҳролуд намуда, ғояҳои дини мубини Исломро аз нигоҳи ғаразноки худ шарҳ медиҳанд ва мардумро ба роҳи ифротгароиву хурофотпарастӣ ҳидоят мекунанд.
Мусаллам аст, ки ҷавонон яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд ва гурӯҳҳои ифротӣ ба хотири амалӣ кардани мақсадҳои нопоки худ маҳз аз онҳо истифода мебаранд.
Дар мисоли ҳодисае, ки 22-юми март дар маҷмааи “Крокус Сити Холл”-и шаҳри Красногорски вилояти Москва рух дод, гуфтан мумкин аст, ки маҳз ҳамин қабил ҷавонони гумроҳ ва дур аз донишу фаҳмиши дунявию динӣ хеле осон ба доми ашхоси сеюм, ки алоқамандони гурӯҳҳои террористианд афтода, ба чунин як амали ғайриинсонӣ даст заданд.
Омили сеюми мағзшӯӣ, бешак, таъсири сомонаҳои иҷтимоӣ ва, дар маҷмуъ, фазои маҷозӣ ба тафаккури ҷавонон маҳсуб меёбад. Гурӯҳҳои манфиатҷӯ барои ҷалби бештари ҷавонон ба сафҳои худ аз ин дастгоҳи муқтадир хеле моҳирона ва фарогир истифода мебаранд. Махсусан, ҷавонони ноогаҳ хеле ба осонӣ фирефтаи васвасаҳои онҳо шуда, ҳаёти худро месӯзанд. 
Ин ва далелҳои дигари собитшуда бозгӯи онанд, ки танҳо дониши мукаммал ва худшиносиву худогоҳии комил метавонад насли навраси моро аз хатарҳои рӯзафзун ҳифз намояд. Барои донишандӯзӣ ва ташаккули тафаккури солими ҷомеа, махсусан ҷавонон, аз ҷониби давлату Ҳукумат тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Интихоб бошад, дар дасти худи ҷавонон аст.  Ману мо ва тамоми ҷомеаро зарур аст, ки барои ояндасозии насли имрӯз на танҳо бетараф набошем, балки дар баробари мактабу оила ҷиҳати тарбияи дурусти онҳо дар доираи донишу фаҳмише, ки дорем, самимона саҳм гузорем.
Боқӣ, тавре Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: “Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки гароидан ба гурӯҳҳои тундрав, даст задан ба амалҳои террористӣ ва бадном кардани давлату миллат оқибатҳои ногувор доранд. Онҳо бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа ба роҳ монда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии кишвар ва имкониятҳои фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани илму дониш машғул шаванд”.

Руҳафзо МУРОДОВА, “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 17.04.2024 №: 71
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив