ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Токаев: «Ҳукумат зарардидагони обхезиро дар ҳолати ногувор намегузорад»

Токаев: «Ҳукумат зарардидагони обхезиро дар ҳолати ногувор намегузорад»

18 апрел 2024, Панҷшанбе
12
0


Мир 24. Дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ ҳанӯз обхезӣ ба авҷи худ нарасида, вале, тибқи маълумотҳо, аллакай, беш аз ду ҳазор хона зери об мондааст. Дар ҳамин ҳол зиёда аз 10 ҳазор нафар ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуд. 
Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба зарардидагон ваъда дод, ки давлат дар рӯзҳои наздик ба онҳо ёрии ҳаматарафа мерасонад. Сокинони минтақаҳои зериобмонда, аллакай, ба гирифтани пардохти яквақта, ки 360 ҳазор тангаро ташкил медиҳад,  шуруъ кардаанд.  Президент, инчунин, гуфт, ки   аҳолии зарардида фавран ҷубронпулии хисороти молиро хоҳанд гирифт, чуноне ки, аллакай, дар вилояти Қарағанда ин кор ба роҳ монда шудааст. 
Ба гуфти Токаев, даҳ рӯзи оянда дар ҷумҳурӣ мубориза баҳри рафъи обхезӣ шадидтарин хоҳад буд ва аз сокинон даъват кард, ки муттаҳид шаванд, то ин марҳалаи душворро якҷоя паси сар кунанд.


Мулоқоти Си Ҷинпин бо Олаф Шолс
Синхуа. Раиси Ҷумҳурии Мардумии  Чин Си Ҷинпин рӯзи сешанбе дар қароргоҳи давлатии Дяоюйтай дар Пекин бо Канслери Олмон Олаф Шолс мулоқот кард. 
Си Ҷинпин бо ёдоварӣ аз 10-умин солгарди  барқарории шарикии стратегӣ миёни Чин ва Олмон, изҳор дошт, ки сарфи назар аз тағйироти азим дар вазъияти байналмилалӣ, равобити Чину Олмон рушди устувор ва дуҷонибаро нигоҳ доштааст ва ҳамкориҳо мустаҳкаму амиқтар гардидаанд.
Тавре раҳбари Чин гуфт, дар ҳоли ҳозир   инсоният бо хатару чолишҳои рӯзафзун рӯ ба рӯ шудааст. Ин мушкилотро бе ҳамкории мамлакатҳои пешрафта ҳал кардан ғайриимкон аст.
Си Ҷинпин аз ҳар ду кишвар даъват кард, ки равобити дуҷонибаро аз дидгоҳи дарозмуддат ва стратегӣ бубинанд, густариш диҳанд, барои таъмини субот ва эътимоди бештар дар ҷаҳон талошҳои муштарак намоянд.


Суҳбати телефонии Путин ва Раисӣ  
Мир 24. Бино ба гузориши сомонаи Кремл, Президенти Россия Владимир Путин ва Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ авзоъ дар Ховари Миёнаро баррасӣ карданд. 
Дар баёния омадааст: "Вазъи шадид дар Ховари Миёна пас аз ҳамлаи ҳавоии Исроил ба намояндагии дипломатии Эрон дар Димишқ ва иқдомоти ҷавобии Эрон ба таври муфассал баррасӣ шуд".
Сарварони давлатҳо изҳори назар карданд, ки сабаби рӯйдодҳои ахири минтақа дар низои ҳалношудаи Фаластину Исроил аст. "Дар ин росто, Россия ва Эрон иродаи қатъии худро барои оташбаси фаврӣ дар минтақаи Ғазза, беҳтар кардани вазъи душвори башардӯстона ва бо роҳи дипломатӣ рафъ намудани ин қазияро изҳор доштанд", – омадааст дар паём.
Иброҳим Раисӣ зикр кард, ки Теҳрон ба густариши минбаъдаи муноқишаҳо манфиатдор нест.
 


ХБА 3,2 дарсади рушди иқтисоди ҷаҳонро тасдиқ кард
Синхуа. Тибқи маълумоти Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) соли 2024 рушди иқтисоди ҷаҳонӣ 3,2 дарсадро ташкил хоҳад дод, ки  нисбат ба пешгӯии қаблӣ 0,1 банди фоизӣ бештар аст.  
Тавре Пйер-Оливйе Гуринша, сариқтисоддон ва мудири Департаменти таҳқиқоти ХБА изҳор дошт, иқтисоди ҷаҳонӣ хеле устувор боқӣ мемонад ва суръати рушди он муътадил аст.   
Тибқи гузориши ХБА, пешгӯии охирини рушди иқтисоди ҷаҳонӣ барои панҷ соли оянда, ки 3,1 дарсадро ташкил медиҳад, пасттарин дар даҳсолаҳои охир ба ҳисоб меравад.

Санаи нашр: 17.04.2024 №: 71
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив