ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «МОДАР – САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО». БАРДОШТ АЗ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ДБССТ

«МОДАР – САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО». БАРДОШТ АЗ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ДБССТ

09 март 2023, Панҷшанбе
52
0

Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур бонувони фаъоли мамлакат, намояндагони идораву ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Раънохон Маҳмудзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Заррина Абдулмуъминзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳбуба Азимова, корманди Кумитаи кор бо занон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок ва суханронӣ намуданд.
Убайдулло Асрорзода, доктори илмҳои иқтисодӣ, ректори ДБССТ, бонувони олиқадрро, ки дар самти татбиқи сиёсати маорифпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши назаррас доранд, ба ин даргоҳи муқаддас хайрамақдам гуфт.
Ӯ иброз намуд, ки бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат занону духтарони тоҷик  мақому манзалати шоиставу сазовори худро дарёфта, бо меҳнати созанда баҳри пешрафти кишвари азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд. Бо шукӯҳи хосса таҷлил намудани Рӯзи Модар аз таваҷҷуҳу эҳтироми пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба зан – модар гувоҳӣ медиҳад.
Хушбахтона, дар ҷомеаи мо занони тоҷик дар арсаи корзор дар баробари мардон кору фаъолияти пурсамар дошта, дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда доранд. 
Ровиён зан – модарро ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, сафобахшандаи зиндагӣ, поягузори меҳру муҳаббат, афзояндаи садоқат ва донишу маърифат ситоиш намуда, ҳозиринро ба ин рӯзи фархунда ва оғози баҳори нозанин табрику таҳният гуфтанд. 
Таъкид шуд, ки дар раванди татбиқи амалии сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти кор бо занон раёсати Донишгоҳ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа равона месозад. 
Дар поёни маҳфил раёсати Донишгоҳ меҳмонони даъватшуда, намояндагони васоити ахбори омма ва омӯзгорон – бонувонро, ки дар тарбияи насли наврас ва омодасозии мутахассисони баландихтисос, инчунин, дар афзудани обрӯи муассиса нақши арзанда доранд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз кард.  Ҳамчунин, кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ бонувон ва донишҷӯдухтарони фаъолро бо мукофотпулӣ қадр намуд. 

Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 07.03.2023 №: 51
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив