ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
INTERFAX.RU. Муовини раиси Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба мудофиаи ҳавоӣ дар назди Шурои вазирони мудофиаи мамлакатҳои ИДМ, муовини сарфармондеҳи неруҳои ҳавоии Россия оид ба аслиҳа Юрий Грехов гуфт, ки кишварҳои ИДМ то охири соли 2024 машқҳои муштараки фармондеҳии ситодии системаи муштараки дифои ҳавоии "Амнияти минтақавӣ-2024"-ро баргузор хоҳанд кард.
Синхуа. Як намояндаи расмии Идораи миллии мубориза бо офатҳои табиӣ ба хабаргузории «Синхуа» гуфт, ки боронҳои шадид ва раъду барқ аз рӯзи шанбе ба ин сӯ дар ноҳияҳои гуногуни Покистон харобиҳои зиёд ба бор оварда, 71 нафарро кушта ва 67 тани дигарро захмӣ кардааст.
Мир24. Мулоқоти навбатии намояндагони доимии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар қароргоҳи ИДМ дар Минск баргузор гардид. Дар мулоқот оид ба таъмини амният дар минтақаи Авруосиё ва муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ сухан ронданд.
Санаи нашр: 18.04.2024 №: 72