ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САД РАНГИ ЧАКАН ДАР БОҒИ ВАТАН

САД РАНГИ ЧАКАН ДАР БОҒИ ВАТАН

18 апрел 2024, Панҷшанбе
25
0


Чакан навъе аз ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки таърихи қадимӣ дошта, ба зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик алоқамандии зич дорад. Он як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст.
Истиқлоли давлатӣ бори дигар ба мардуми тоҷик имкон дод, ки аз қадимӣ будани давлату миллати хеш дар арсаи ҷаҳонӣ дарак диҳанд. Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» низ аз ҷумлаи тадбирҳои гиромидошти арзишҳои асили фарҳангӣ арзёбӣ мегардад, ки ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани нақши сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ дар матоъ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону чеварон ва ҳунармандони ватанӣ равона гардидааст. Фестивал бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оила дар се давр бо муайян намудани беҳтарин чакандӯз, сӯзанидӯз ва тарроҳ аз нимаи аввалаи моҳи март то охири моҳи апрел дар саросари ҷумҳурӣ доир мегардад. Бонувони ноҳияи Файзобод низ дар радифи дигар занону духтарони ҷумҳурӣ бо пӯшидани либосҳои миллӣ, бахусус чакан, насли наврасро бо таърихи гузаштаи аҷдодон огоҳ менамоянд.
- Мақсад аз баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми наҷиби дурбинонаву ояндасози Пешвои муаззами миллат дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинаи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид, ки мояи ифтихори мардуми сарбаланду фарҳангсолори тоҷик мебошад. Маҳз баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангии тарғиботию ташвиқотӣ  ба баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои либоспӯшии тоҷикона, равнақ бахшидани фарҳанги истифода ва ба бар намудани чакан ва дигар либосҳои гулдӯзӣ ва дастбоф, суръати тоза бахшидан ба раванди истеҳсоли матоъҳои гуногуни баландсифати миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, попурдӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, дӯхтани тоқиву ҷузвдон ва дигар намудҳои чеварӣ, густариши фаъолияти ҳунармандон, тарроҳону чеварон, сӯзанидӯзону чакандӯзон, қаламкашону наққошон, ҳамзамон, фаъолияти корхонаҳои хурди дӯзандагиву истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои занону бонувон мусоидат менамояд. Бо назардошти ин, бахши занон ва оилаи ноҳия низ мунтазам бо занон вохӯриҳо ташкил намуда, ба хотири арҷгузорӣ ба анъанаҳои таърихӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносӣ, инчунин, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона суҳбатҳо доир менамояд, - иброз намуд Раъно Давлатзода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Файзобод.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 18.04.2024 №: 72
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив