ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАРОСИМИ СУПУРДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ 

МАРОСИМИ СУПУРДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ 

22 апрел 2024, Душанбе
16
0

 
18-уми апрел дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супурдани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба як гурӯҳ ҳунармандони ду кишвар баргузор гардид.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон чор нафар: Озодбек Назарбеков, Муножатхон Юлчиева, Ағабай Сабиров ва Юлдуз Усмонова бо унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва Ёдгор Сагдиев бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мушарраф гардиданд.
Ҳамин тавр, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои саҳми назаррас дар рушди ҳамкории стратегӣ, ҳампаймонӣ, дӯстии чандинасра ва ҳамсоягии наку, ҳамчунин ҷиҳати пешбурди фаъолияти самарабахш, ҳифз ва инкишофи ҳунар, арзишҳои маънавӣ ва мероси таърихӣ, нақши муассир дар самти таҳкими дӯстӣ байни мардумони ба ҳам бародар Миралӣ Достиев, Исмоил Назриев, Фурқат Саидов, Тулқин Тоҷибоев ва Раҳматулло Ҳошимов бо унвони Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфароз шуданд.

Санаи нашр: 19.04.2024 №: 73
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив