ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНАИ ЧОРСИТОРАДОРИ “ФИРДАВСӢ” 

ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНАИ ЧОРСИТОРАДОРИ “ФИРДАВСӢ” 

23 апрел 2024, Сешанбе
12
0
 
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии мамлакат пойтахти кишвар шукуфон ва садҳо иншооти таъиноти гуногун бунёд гардида истодааст.
20-уми апрел ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе як қатор иншооти муосири маишӣ, хизматрасонӣ ва саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Нахуст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансур ба ифтихори Рӯзи пойтахт бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд. 
Маҷмааи муосир аз 22 ошёна иборат буда, меҳмонхонаи «Фирдавсӣ» дар ошёнаҳои 13-22-юми бино ҷойгир аст ва дорои 103 ҳуҷраи хизматрасонӣ, аз ҷумла 33 люкс, 8 нимлюкс ва 62 стандартӣ, мебошад. Дар меҳмонхона метавон дар як вақт ба 200 меҳмон мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ хизмат расонд.
Бо ифтитоҳи маҷмааи нави хизматрасонию сайёҳӣ ва фароғатӣ дар пойтахти мамлакат 250 ҷойи кори нав таъсис ёфт. Ҳангоми бунёди иншоот зиёда аз 150 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда буд.
Иншооти муосирро соҳибкорони ватанӣ Бахтиёр Саидов ва Ҳикматулло Муқимов дар ҳамкорӣ бо ширкати “Муқим-1” бунёд намуданд.
Дар бино, ҳамчунин, марказҳои савдою хизматрасонӣ, фароғатию истироҳатӣ, маҷлисгоҳ, тарабхонаю ошхона, толори варзиш ва иншооти ёрирасон ҷойгир буда, барои воситаҳои нақлиёт таваққуфгоҳи зеризаминӣ сохта шудааст. Дар болохонаи бино ҷойи нишасту истироҳати тобистона барои 150 нафар ташкил гардид.
Дар ошёнаҳои  3-12-уми бино 58 ҳуҷраи корӣ ҷойгир буда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад.
Дар иншооти муосири маишию хизматрасонӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ маркази забономӯзӣ таъсис ёфт.
Ёдовар мешавем, ки 10-уми октябри соли 2019 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ асос гузоштанд.
Иншооти бошукӯҳ дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардида, дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои бунёди маҷмааи муосири хизматрасонию фароғатӣ ва сайёҳӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, чунин ташаббусу иқдомҳоро дар раванди созандагию бунёдкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
 
Санаи нашр: 22.04.2024 №: 74
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив