ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
CentralAsia (TM). Ҳукумати Туркманистон ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда, тартиби бекоршавии ақди никоҳро мушкил гардонд. Масалан, акнун ин гуна парвандаҳо дар додгоҳ танҳо дар ҳузури ҳар ду ҳамсар баррасӣ хоҳанд шуд. Ҳамин тариқ, имкони бекор кардани ақди никоҳ бо шахси ғоиб, ҳатто, агар бедарак гум шуда бошад, ғайриимкон аст.
Мир24. Россия ва Ӯзбекистон дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ. Осиёи Марказӣ» дар бахшҳои нафту газ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ як қатор созишномаҳоро ба имзо расонданд. Намоишгоҳи мазкур имрӯз дар Тошкент кушода шуд.
Мир24. Президенти Беларус Александр Лукашенко вилояти Архангелски Федератсияи Россияро шарики дерина ва боэътимоди кишвараш номид. Лукашенко ба губернатори вилояти Архангелск Александр Сибулский пешниҳод кард, ки ҳамкориҳоро дар чанд самт густариш бахшанд. Соли гузашта гардиши мол бо ин минтақа 50 дарсад афзоиш ёфта, 85 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод ва ин ҳадди ниҳоӣ нест, мутмаин аст Александр Лукашенко.
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)