ҶУДО
Се медали биринҷии паҳлавонони мо дар Чемпионати Осиё
Паҳлавонони маъруф Сомон Маҳмадбеков, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов дар Чемпионати ҷудои Осиё, ки 20-22-юми апрел дар Ҳонконги Чин доир гашт, медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Сомон дар вазни -81 кг зӯрозмоиро аз даври дуюм оғоз кард ва бар Согайр Саликеи чинӣ дастболо шуд, аммо дар даври чорякфинал аз паҳлавони ӯзбекистонӣ Шарофиддин Болтабоев мағлуб гашт. Баъдан дар даври тасаллобахш Асад Масабирови қирғиз ва барои медали биринҷӣ Жубаназар Абулайхани қазоқро мағлуб намуд.
Ҷаҳонгир дар вазни -100 кг намояндаи Тайпейи Чин Шенг-Кай Линро мағлуб намуда, дар чорякфинал аз паҳлавони муғул Гончигсурен Батхуйаг шикаст хӯрд. Сипас, дар даври тасаллобахш бар Сингҳ Автари ҳинду ва дар зӯрозмоӣ барои ҷойи сеюм бар Нурлихон Шерхани қазоқ дастболо шуд.
Темур (+100 кг), ки дар даври аввал озод буд, дар чорякфинал намояндаи Индонезия Дама Варданаро шикаст дода, дар нимфинал аз варзишгари ҷопонӣ Ҳйога Ота мағлуб гашта, дар муҳориба барои ҷойи сеюм бар намояндаи Баҳрайн Азамат Чотчаев пирӯз шуд.
ВАРЗИШИ САБУК
XIV Ниммарафони байналмилалии Душанбе доир шуд
Мусобиқа 20-уми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе доир гашта, дар баробари варзишгарони Тоҷикистон, давандҳо аз кишварҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Украина, Россия, Эфиопия ширкат карданд.
Иштирокчиёни чорабиниро муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода аз номи раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ шодбош гуфта, зикр намуд, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе нахустин мусобиқаи миллии кишвар мебошад, ки дар рӯйхати мусобиқаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидааст. Он соли чордаҳум аст, ки бо мақсади рушду инкишофи варзиши сабук, таъмини оммавияти варзиш, дарёфти беҳтарин марафончиён, таҳкими дӯстию ҳамкорӣ миёни варзишгарон, инчунин, баҳри таҷлили шоистаи Рӯзи пойтахт гузаронда мешавад.
Ниммарафони байналмилалии Душан-бе-2024 дар масофаи 21 - километру 97 метр, аз назди Наврӯзгоҳи пойтахт оғоз гардида, тариқи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то дидбонгоҳи БДА дар “Чорбоғ”, бозгашт тариқи кӯчаҳои Ҳофизи Шерозӣ – Карамов– хиёбони Рӯдакӣ ҷараён гирифта, дар майдони “Дӯстӣ” анҷом ёфт.
Миёни мардон Виталий Шафа аз Украина ғолиб омад. Ӯзбекистониҳо Отабек Тошқувватов дуюм, Нодирбек Матолибов сеюм, Ойбек Маҳмадаминов панҷум, Раҳимжан Калманов (Қазоқистон) чорум, Юрий Чечун (Россия) шашум шуда, ба марра расиданд.
Миёни занон Азизахон Мирзахбарова (Ӯзбекистон) ҷойи аввалро гирифт. Виктория Сергеева (Қазоқистон) ҷойи дуюм, Маҳинабону Комилова (Ӯзбекистон) ҷойи сеюм, тоҷикистониҳо Раҷабмоҳ Абдуллоева ҷойи чорум, Уляна Кузминова ҷойи панҷум ва Маҳина Боронова мақоми шашумро сазовор гаштанд.
Варзишгароне, ки ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро байни мардон ва занҳо ишғол намуданд, бо ҷоизапулӣ – 38500 сомонӣ ($3500), 33500 сомонӣ ($3000), 27500 сомонӣ ($2500), 22000 сомонӣ ($2000), 19800 сомонӣ ($1800), 16500 сомонӣ ($1500) қадр шуданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.04.2024 №: 74
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)