ВОХӮРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ИТАЛИЯ
23-юми апрел дар шаҳри Рим дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Италия мулоқоту музокироти Тоҷикистону Италия баргузор шуд.
Маросими расмии истиқболи меҳмони олимақом – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Италия “Палатсо Киджи” сурат гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони дар болои суфаи фахрӣ қарор гирифтанд.
Фармондеҳи қаровули фахрӣ оид ба омодагӣ ба баргузории маросими истиқболи расмӣ ба меҳмони олимақом гузориш дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия дар болои роҳрав якҷо ҳаракат намуда, дар назди Парчами Ҷумҳурии Италия таваққуф карданд. Меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби Парчами давлатӣ арзу эҳтиром намуданд. Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ ва аксбардории якҷоя ва муаррифии ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб сурат гирифт.
Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Италия дар мулоқоти хоса оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони барои истиқболу меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили густариши робитаҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ муҳокима карданд. Ҳар ду ҷониб оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургӣ, маъдан, кимиё, кишоварзӣ, дорусозӣ ва сайёҳӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ҷалби сармояи итолиёвӣ барои рушди соҳаи саноати Тоҷикистон барои ҳар ду кишвар судовар номида шуд.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва афзоиши содироти он ба кишварҳои Аврупо имконияту захираҳо фаровон аст.
Таъсиси хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ ва робитаҳои ду ҷониб дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҷудо кардани квотаҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии Италия аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд. Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкории кишварҳоро дар чаҳорчӯби созмонҳои СММ, САҲА ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ баррасӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ оид ба пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои обу иқлим, бахусус ҳифзи пиряхҳо ва ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он андешаронӣ сурат гирифт. Дар робита ба вазъи мураккаби сиёсии байналмилалӣ ҳамкории самарабахш дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир зарур шумурда шуд.
Дар фарҷоми мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Санаи нашр: 24.04.2024 №: 75
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)