ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Суҳбати телефонии Мирзиёев бо Токаев

Суҳбати телефонии Мирзиёев бо Токаев

24 апрел 2024, Чоршанбе
10
0
Мир24. Президентҳои Ӯзбекистону Қазоқистон Шавкат Мирзиёев ва Қосим-Жомарт Токаев дар гуфтугӯи телефонӣ масоили ҳамкорӣ дар рафъи оқибатҳои офатҳои табииро баррасӣ карданд. 
Шавкат Мирзиёев ба Роҳбар ва мардуми бародари Қазоқистон дар робита ба талафоти ҷонӣ дар натиҷаи обхезии васеъ изҳори ҳамдардӣ  намуд. Президентҳо зимни суҳбати телефонӣ масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягии Ӯзбекистону Қазоқистон, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ, ҳамчунин, масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва нақшаи баргузории чорабиниҳои сатҳи баландро баррасӣ карданд.
 
 
«Толибон» хонаи сафири Афғонистон  дар Тоҷикистонро ғасб карданд
Sputnik. Дар пайи оташ задани манзили дипломат – Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар Панҷшер, гурӯҳи «Толибон» хонаи дар Кобулбудаи ӯро низ ғасб намуданд.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, Муҳаммад Зоҳир Ағбар, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт: «Толибон» ба хонаи ӯ воқеъ дар маҳаллаи Кортаи Чаҳори шаҳри Кобул ҳамла карда, афроди маскуни онро берун оварданд ва худ мустақар шуданд.
Панҷ сол пеш, вақте маро сафири Афғонистон дар Тоҷикистон таъин намуданд ва кишварро тарк кардам, манзил маскунии хешро ба гарави яке аз ҳамшаҳриён даровардам, ки то ҳол дар он ҷо ба сар мебурд. «Толибон» бо туфангҳо ба манзили банда ҳамла намуда, бо хушунат ва ваҳшати бисёр бо афроди дохили он бархӯрд кардаанд ва хонаро тахлия намуда, дар ихтиёри туфангдорон қарор доданд.
 
 
 
Алиев: «Озарбойҷон ва Арманистон ба сулҳ аз ҳарвақта дида наздиктаранд»
АИР «Новости». Боку ва Ереван ба созиши сулҳ аз ҳарвақта дида наздиктаранд. Дар изҳороти дахлдор Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ёдовар шуд, ки ҳар ду ҷониб қаблан, ҳатто, дар бораи принсипҳои Мадрид, ки ба ҳалли муноқишаи Кӯҳистони Қариябоғ марбутанд, ба созиш расида наметавонистанд. 
Ҳоло мамлакатҳо фаҳмиданд, ки шартномаи сулҳ чи гуна бояд бошад.   Мо  бояд шарту шароити созишномаи сулҳро  таҳлил кунем, аммо, албатта, ба ҳар ду ҷониб барои ин кор вақт лозим аст. 
Ба гуфтаи Алиев, вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон метавонанд дар Қазоқистон ин мавзуъро баррасӣ намоянд. Алиев омодагии Бокуро барои ширкат дар ин нишаст тасдиқ кард.
 
Ҷаҳон  дар як сатр
CentralAsia (CA). Маросими савгандёдкунии Президенти Россия Владимир Путин  7-уми май баргузор мешавад, – гуфт  раиси Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ ва сохтмони давлатии Шурои федератсия Андрей Клишас дар ҷаласаи Кумита. 
Санаи нашр: 24.04.2024 №: 75
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив