ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «САД РАНГИ ЧАКАН» ҲУНАРМАНДОНРО БА ҲАМ ОВАРД 

«САД РАНГИ ЧАКАН» ҲУНАРМАНДОНРО БА ҲАМ ОВАРД 

24 апрел 2024, Чоршанбе
19
0
Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оила дар се давр сурат гирифт, ҷамъбаст гардид.
Даври ҷумҳуриявии Фестивал ба арафаи таҷлили Рӯзи байналмилалии оила рост омада, бо иштироки беҳтарин ҳунармандон, чакандӯзон, сӯзанидӯзон, тарроҳони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар Муассисаи давлатии фарҳангӣ-фароғатии «Аҳорун»-и пойтахт доир шуд. 
Дар он муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Мавсума Муинӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода,  сенатори Кумита оид ба масоили занон ва баробарии гендерии Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Гулнора Маруфова, раиси Кумитаи оила ва занони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озода Парпибоева иштирок намуданд.
Тавре зикр гардид, чакан гулдӯзии одӣ набуда, пайдоиши он ба ҳазораи дуюми пеш аз милод рост меояд. Оид ба кашидадӯзӣ дар китобҳои Авасто, «Шоҳнома» ва осори бисёр адибони гузаштаамон маълумот дарёфт кардан мумкин аст. Ҳар нақшу нигори чакан маъние дорад ва розҳои модарони тоҷикро инъикос мекунад. 
Фестивали «Сад ранги чакан» аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла намоиши либосҳои қадимии чакан, кӯдакона, рӯзмарраву маросимӣ ва идона, расмӣ ва навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ иборат буд, ки  намунаҳои онҳоро     иштирокдорон ва меҳмонон пеш аз оғози   ҳамоиш тамошо карданд. Маҳз баъди тамошои ин намоиш кас ба маънии аслии  ҳикмати «дасти одамизод гул аст»  сарфаҳм меравад.
Дар ҷамъбасти фестивал дипломи Кумитаи кор бо занон ва оила ва мукофотпулӣ ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вазоратҳои фарҳангу маориф супурда шуд.
Барномаи фарҳангии аз рақсу сурудҳои ҷаззоб таҳияшуда,  ба ҳамоиш шукӯҳи тоза бахшид.
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
 
 
ЯК НАМОИШИ МУҲИМ.  «ШАҲРИ ДУШАНБЕ - АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ»
Муассисаи давлатии Осорхонаи миллӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи пойтах таҳти унвони «Шаҳри Душанбе - аз дирӯз то имрӯз» намоиши ҷашнӣ баргузор намуданд. 
Дар ифтитоҳи намоиш мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, масъулони Вазорати фарҳанг, Иттифоқи нависандагон иштирок намуданд.
Дар оғоз хабар дода шуд, ки шаҳри Душанбе аз қадим макони зисти мардуми ориёинажод маҳсуб шуда, ҳанӯз 5-6 ҳазор сол қабл инсоният ин сарзамини зебоманзарро қароргоҳ ё ҷои истиқомат қарор дода буд. 
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ 110 ашёи осорхонаӣ, аз қабили бозёфтҳои бостоншиносӣ, сиккаҳо, мусаввараҳо, аксҳои таърихӣ, лоиҳаву амсилаи биноҳои навбунёд ба намоиш гузошта шудаанд, ки таърихи куҳан ва пурифтихори пойтахти Ватани азизамонро инъикос менамоянд.
Намоиши «Шаҳри Душанбе – аз дирӯз то имрӯз» то 25-уми апрел идома меёбад.
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 24.04.2024 №: 75
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив