ЭТНОПЕДАГОГИКА. ХАЛҚИ ТОҶИК ДОРОИ ФАРҲАНГИ БОЙ АСТ!
Дар шароити муосир раванди эҳёи арзишҳои беҳтарини фарҳангӣ, ки тули садсолаҳо ташаккул ёфтаанд, ҷараён дорад. Расму ойин, иду ҷашнҳо, маросимҳо, ки таърихи ҳазорсола доранд, симои наву замонавӣ касб карда, барои ҳифзи арзишҳои маънавии миллат, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии насли имрӯза, хусусан ҷавонон, нақши муҳим мебозанд. Рӯй овардан ба фарҳанги миллӣ муҳим аст, зеро он воситаи пуриқтидор дар раванди таълиму тарбияи ҷавонон маҳсуб меёбад.
Табиист, ки пешрафти ҷомеа, фарҳанги маънавӣ ва моддии он аз сатҳи фарҳанги педагогӣ вобаста аст, фарҳанги педагогӣ қисми таркибии фарҳанги умумӣ мебошад. Ҳамзамон, гурӯҳи одамонеро, ки бо як забон гап зада, пайдоиши умумӣ, дорои тарзи зиндагӣ, анъана ва расму оинҳои ба худ хос мебошанд, этнос меноманд. “Этнос ин умумияти таърихан ташаккулёфтаи устувори одамон дар асоси ягонагии ҳудуд, забон, маданият, ҳаёти хоҷагӣ-маишӣ мебошад. Дар як маврид дар ташаккули этнос нақши асосиро забон мебозад, дар ҳолати дигар умумияти ҳудудӣ, дар мавриди сеюм, ба мадди аввал ягонагии маданият мебарояд ва ё ҳаёти хоҷагӣ аҳамият пайдо мекунад. Ҳамин тавр, умумияти этникӣ ва ё этнос ин гурӯҳи одамоне мебошад, ки дар асоси ягонагии забон, маданият, ҳаёти хоҷагӣ, ҳудудиумумӣ ва худогоҳии миллии таърихан шаклгирифта муттаҳид шудаанд. Агар фарҳанги педагогӣ ба тарбия ва ташаккули шахсият нигаронда шуда бошад, пас, фарҳанги этнопедагогӣ бештар ба хусусиятҳои миллии омодакунии насли ҷавон ба ҳаёт самтгузорӣ шуда, ба анъанаҳои муқарраршудаи тарбиявии ниёгон такя мекунад. Фарҳанги этнопедагогӣ ба пуррагӣ ҳадафҳо, вазифаҳо, принсипҳо, шаклҳо, тарзҳо, усулҳо, омилҳо, шароит, намудҳои фаъолиятеро, ки ба хусусиятҳои зеҳнии як халқ ё гурӯҳи халқҳои дар як макони зич сукунатдошта хос аст, фаро мегирад. Он раванди тарбияе мебошад, ки дар заминаи таҷрибаи мардум ташаккул ёфтааст.
Халқи тоҷик дорои фарҳанги бойи этнопедагогӣ аст, ки он дар тарбияи ахлоқии насли наврас саҳми босазо гузоштааст. Яке аз ҷанбаҳои муҳими фарҳанги этнопедагогии халқи тоҷик тарбия ва ба наслҳои нав мерос гузоштани таҷрибаи мусбати ҷамъшуда мебошад.
Дар таҷрибаи тарбиявии насли калонсол анъанае вобаста ба эҳтироми ниёгон ва иззату арҷгузорӣ ба қавму авлоди худ бо донистани таърихи ниёгон, решаҳои авлодии худ, инчунин, ривоятҳо ва анъанаҳои марбут ба аъмоли неки гузаштагони худ мушоҳида мешавад. Муҳаббат ба ниёгони худ барои шинохтани ҷаҳон, такомули шахсӣ, саҳми муайян доштан дар баланд бардоштани мақоми авлод тавассути тарбияи маънавӣ, таҳсил, такмили шахсият кумак мерасонад. Чунин дилбастагӣ ба ниёгон, ба хонаи падар, ба оила дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром нисбати авлод, сокинони ҷомеа ва дигар миллатҳо мусоидат мекунад.
Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби пурарзиши хеш “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” зикр намунанд: “Ҳар як шахс бояд аз ҳафт пушти худ огоҳ бошад, то дар ҳамаи соҳаҳои зиндагиву фаъолияти худ огоҳона амал намуда, зиндагии созандаи худро пеш барад”. Арзиши асосии фарҳанги этнопедагогӣ тарбияи маънавӣ дар заминаи арзишҳои умумибашарӣ, аммо бо назардошти хусусиятҳо ва талаботи алоҳидаи миллӣ мебошад. Мақсади он ташаккули маданияти зебоишиносӣ ва маънавӣ, тарбияи меҳнатдӯстӣ, ҷисмонӣ ва оилавӣ, ташаккули муносибатҳои хуб дар оила, ҷомеа ва давлат мебошад. Манзалати асосии фарҳанги этнопедагогӣ аз он иборат аст, ки ҳамаи шаклҳо, усулҳо ва воситаҳое, ки дар раванди тарбия истифода мешаванд, бо эҷодиёти дастаҷамъонаи халқ офарида шудаанд. Муқаррароти пурҳикмати педагогикаи халқӣ, кодекси шараф, ахлоқ ва маънавият, ғояҳои ахлоқӣ ва эстетикӣ, намунаҳои қаҳрамонӣ, далерӣ, ҷасорат, меҳнатдӯстӣ, камолоти ҷисмонӣ дар ҳамаи халқҳо дар зарбулмасалҳо, мақолҳо, сурудҳо, афсонаҳо, ривоятҳо ва эпосҳо ифода ёфтаанд. “Дар ҳикмати халқии педагогӣ, – менависад Г.Н. Волков, – тафовути шаклҳои тарбия хеле возеҳ мушоҳида мешавад: зарбулмасалҳо, асосан, барои тарбияи эстетикӣ, чистонҳо – барои тарбияи зеҳнӣ, афсонаҳо - барои ҳар ду мусоидат мекунанд”. Ба сифати намуна зарбулмасалҳо ва мақолҳое, ки ҳазорсолаҳо пеш ба вуҷуд омадаанд, мисол шуда метавонанд ва имрӯз ҳам наву тозаву ширин ба гӯш мерасанд. Онҳо дар худ қудрати бузурги таъсиррасонӣ ба шуури одамонро доранд. Бо ҳамин сабаб, онҳо ба монанди аксарияти қоидаву меъёрҳо, хусусияти анъанавиро пайдо кардаанд ва ба яке аз унсурҳои асосии фарҳанги педагогии миллӣ мубаддал шудаанд. Дар анъанаҳои педагогии насли калонсол ба тарбияи муҳаббат нисбати хонавода ҷойи намоёне дода шудааст. Манзили инсон – ибтидои зодгоҳи ӯст. Муҳити оила, симои ахлоқӣ ва маънавии он, расму одатҳои оила, анъана ва оинҳо дар тарбияи насли наврас нақши бориз доранд. Педагогикаи халқӣ, ки асоси фарҳанги этнопедагогӣ мебошад, дар асоси ғояҳои табиӣ доштани тарбия бунёд ва дар осори эҷодиёти шифоҳии халқ инъикос ёфтааст.
Арабгул МАҲБАТШОЕВА, омӯзгори Мактаб – интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон
Санаи нашр: 24.04.2024 №: 75
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)