ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТЗАЛ

ФУТЗАЛ

25 апрел 2024, Панҷшанбе
10
0
Тими Тоҷикистон ба  Чемпионати ҷаҳон-2024 роҳхат гирифт
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов, бори аввал дар таърих ба марҳалаи нимфинали Ҷоми Осиё-2024 ва Чемпионати ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳхат гирифт.
 
Футболбозони мо дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024, ки дар Бангкок ҷараён дорад, бар тими Корея (2:0) пирӯз шуда, бо дастаҳои Қирғизистон (2:2) ва Ҷопон (1:1) мусовӣ бозӣ карда, бо 5 хол ҷойи аввалро гирифтанд ва ба чорякфинал баромаданд.
Тими миллии мо дар чорякфинал 24-уми апрел тими футзали Афғонистонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда, ба нимфинали мусобиқа баромад. Ҳарифи футболбозони толории мо дар роҳ ба финал дастаи Тайланд аст, ки дар чорякфинал Ироқро (3:2) мағлуб намуд. Ба нимфинал, ҳамчунин, дастаҳои Эрон ва Ӯзбекистон роҳ ёфтанд. Бозиҳои ин давр 26-уми апрел доир мегарданд. Аз қораи Осиё 5 даста дар Чемпионати ҷаҳон иштирок мекунад. Барои як роҳхати дигар дастаҳои Ироқ, Афғонистон, Ветнам ва Қирғизистон талош мекунанд.   
 
 
БОКС
Муштзанони ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё  иштирок мекунанд
Аз 25-уми апрел то 8-уми май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 18 ва то 22-сола баргузор мегардад, ки дар он варзишгарони мо низ ширкат мекунанд. 
Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати 22-нафараи варзишгаронро ба Остона сафарбар менамояд: Меҳроҷиддин Баротов (-48 кг), Меҳрон Шафиев (51 кг), Фирдавс Арифов (51 кг), Меъроҷ Зоидов (54 кг), Хусравхон Раҳимов (57 кг), Абубакр Муродзода (60 кг), Асламҷон Қурбонов (60 кг), Абдуғаффор Ваҳобов (67 кг), Файзалӣ Ғуломов (63,5 кг), Довуд Маҳкамов  (71 кг), Шаҳбоз Ҳаитов (80 кг) – миёни ҷавонони то 22-сола, Муинхоҷа Муминов (48 кг), Меъроҷ Суфиҷонов (51 кг), Анӯшервон Фозилов (54 кг), Дамир Муйбалихонов (57 кг), Мусъаб Мирзоев (60 кг), Руслан Ғафуров (63 кг), Баҳромбек Ҳотамов (71 кг), Зиёратшоҳ Қосимов (75 кг), Сунатулло Нозимов (92 кг), Ҳангома Исоева (57 кг), Муҳарамхон Тошхуҷаева (70 кг) миёни ҷавонони то 18-сола.
Варзишгаронро мураббиён Асомиддин Бурҳонов, Муҳаммад Ташахунов, Эмомалӣ Малаев, Файзулло Алиев, Асомиддин Бурҳонов, Масрур Шоибеков ҳамроҳӣ намуда, Акмалҷон Абдуллоев муҳорибаҳоро доварӣ менамояд.
Мусобиқа барои варзишгарон як марҳалаи омодагӣ ба чемпионати ҷаҳонии бокс маҳсуб мешавад, ки  моҳҳои октябр-ноябр дар Хорватия ба нақша гирифта шудааст.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 25.04.2025 №: 76-77
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив