ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КАШШОФИ РОЗИ САҲНА

КАШШОФИ РОЗИ САҲНА

25 апрел 2024, Панҷшанбе
35
0
 
Дар пайроҳаи ҳунар мебояд кашшофи рози саҳна буд. Маҳз шинохти розҳо ҳунармандро комил месозад ва ӯ ҳамвора нақшҳое меофарад, ки мондагор асту аз лавҳи хотироти бинанда зудуда намегарданд. Чунин аст расму оини ин ҷода. Бояд эҷодкор буду офаридгор. Ба гумони ғолиб, на танҳо ҳунармандон, балки ҳамаи одамон бояд кашшофи асрори худ ва касбе, ки барои пешбурди зиндагиашон интихоб намудаанд, бошанд. 
Бо чунин афкор ва андешаҳо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Давлат Убайдуллозода, ҳини суҳбат, моро ба олами ҳунару театр бурд.  Мо бештар атрофи  намоиши устод аз рӯйи асари Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам   “Агар ҷанг намебуд” сухан гуфтем. Бояд  ёдовар шуд, ки мунаққидон, намояндагони соҳаи фарҳанг ва тамошогарон ба он баҳои баланд доданд.   
Намоиши мазкур фарогири ҳаёти мардуми одии тоҷик дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) буд. Муҳаббату садоқати занон ва ҳоли мардум дар ақибгоҳ манзури бинанда мегардад. Ҳарчанд муаллиф дар асари худ ҷангро маломат кунад ҳам, вале мақсади асосии коргардон парда аз рӯи касони худхоҳ бардоштану чеҳраи онҳоро ба мардум нишон додан аст. Ҳиссиёти  худхоҳӣ дар қаҳрамон то ҳадде боло меравад, ки  намоиш бо фоҷиа анҷом меёбад. Коргардон бо таҳияи ин намоиш бинандаро ба он даъват мекунад, ки дар ҳама маврид инсон набояд аз сари эҳсос кор бигирад, зеро мусаллам аст, ки ғазаб шахсро ба оқибатҳои ногувор рӯ ба рӯ месозад.        
Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки саҳнаи театр оинаи зиндагист, зеро дар он тамошогар воқеияти ҳаёти хешро мебинад. Рӯи саҳна ба худ фурӯ рафтанҳову маънӣ пайдо карданҳо дорад, ки олами пур аз рамзҳо мебошад. Саҳнаи театр башариятро даъват ба хубиҳову зебоиҳо мекунад.
 
ШАММАЕ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ДАВЛАТ УБАЙДУЛЛОЗОДА 
Беш аз 47 сол мешавад, ки ӯ рӯйи саҳнаи ҳунар устувор аст. Соли 1976 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ва соли 1986 Институти давлатии театр, мусиқӣ ва кинои Ленинградро хатм намуд. Дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон  ба номи Маҳмудҷон  Воҳидов ва театри «Аҳорун» кор кардааст. Ҳамчун ҳунарманд  дар намоишҳои  «Вақте ки шаҳр хуфта буд», «Бозиҳои бераҳмона», «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон», “Хонасӯзон”, “Даҷҷол” ва даҳҳо намоиши дигар нақш офаридааст. Дар Озмуни минтақавии театрҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон «Наврӯз» (1995) аз ҷониби ҳакамон барои иҷрои нақши мардона беҳтарин ҳунарманд эътироф шуд. Маҳорати волои коргардонияш дар намоишҳое ба монанди  “Мири Кабир”, “Паёми Зардушт”, “Дон Жуан” ва “Агар ҷанг намебуд”  равшан эҳсос мегардад. Бо намоишҳои таҳиякардааш ба мамолики Эрон, Русия, Белгия, Лаҳистон, Фаронса ва чанде дигар сафарҳои ҳунарӣ кардааст. 
Давлат Убайдуллозода аз хотираҳо ва сафарҳои эҷодии берун аз кишвар ёдовар шуда, гуфт, ки охири солҳои 80-уми асри гузашта айёми парвози эҷодияш буд ва намоишҳои ӯ дар дохилу хориҷ аз кишвар маҳбубияти хоса доштанд. Тавре ӯ нақл мекунад:     “Боре мо ба ҳайси меҳмон ба фестивали театрҳои аврупоӣ, ки дар Лаҳистон баргузор гашт, даъват шудем. Ҳангоме ки аврупоиҳо намоиши “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон”-ро диданд, аз рамзҳою маъниҳои пурпечутоб, хусусияти тасаввуфӣ доштану дигар паҳлуҳояш тамошогарону мунаққидон ба ҳайрат омаданд.  Тамошобинон баъди анҷоми намоиш зиёд кафкӯбиҳо карданд, ки боиси ифтихори мо буд.  Дастоварди дигар – ин  дар Озмуни минтақавии театрҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон «Наврӯз» (шаҳри Тошкент, соли 1995) соҳиби се ҷоиза шудан аст. Намоиши мо соҳиби “Гран-При” гардида, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шодравон Сабоҳат Қосимова дар номинатсияи “Беҳтарин нақши занона” ва банда дар номинатсияи “Беҳтарин нақши мардона” ғолиб омадем”.
 
ДИДГОҲИ ҲУНАРМАНД БА ИМРӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК  
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, театр дар аксари мамолики олам сертамошобин мебошад, зеро дар онҳо, бавижа кишварҳои Аврупо, рафтан ба театр ба ҳукми анъана даромадааст. Бояд таъкид сохт, ки дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ театрҳои мо низ моломоли ҳаводорони ин санъат буданд, аммо ҳоло баръакс, тамошобин ба он кам меравад. Мо умедворем, ки ояндаи наздик рафтан ба театр ба анъанаи неки мардуми мо табдил меёбад, чунки театри тоҷик тули таърихи қариб садсолааш дар тарбияи маънавӣ,  ҷаҳонбинӣ ва дарки зебоипарастии мардум саҳми босазо гузошта, имрӯз низ ин рисолати худро нигоҳ доштааст.                                                                                    
 
Судоба ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 25.04.2025 №: 76-77
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив