ФАРЗАНДИ АСИЛИ ГАЗЕТА
Ҳолиё, ки тарҷумаи ҳоли ӯро, Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоевро мехонам, то дар қомуси бахшида ба 100-солагии рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ки нашр мегардад, онро ҷой бидиҳем, ҳамаи тааҷҷуби чандсолаам рафъ мешавад. Ҳамзамон, ба пурсишҳоям барои худ посух меёбам. Ба қавли устоди шодравон Фазлиддин Муҳаммадиев, дар ҳақиқат, ӯ фарзанди газета будааст. Монанди Аттор ин водиро чун мӯр тай кардаву ба манзили мақсуд мерасад.
Оре, ӯ бо тамоми маънӣ рӯзноманигор буд ва сарвари нотакрор. Дониш ва таҷрибаи зиёд дошт. Мавқеъшинос буд. Лаҳзаҳои басе душворро паси сар кардааст, аз имтиҳонҳои бузурги сиёсӣ ва давронҳо гузаштааст. Зиракӣ, ҳозирҷавобӣ, мавқеъгирии дуруст хоси ӯ буд. Одатан дар ин гуна мавридҳо наметавонӣ, ки писанди ҳама бошӣ. Аммо ӯ дар ин бора намеандешид. Кор, хосса сарварӣ ба хотири пойдории давлату миллат, инъикоси воқеияти рӯз, башорат аз ояндаи нек ва раҳнамунии дурусти хабарнигорон, зебову хоно баровардани рӯзнома барояш аз ҳама муҳимтар ба шумор мерафт.
Фаъолияти корияш аз соли 1956, бо хатми мактаб-интернати ба номи С. Кирови шаҳри Хоруғ ҳамчун нусхахон (корректор) дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон (ҳоло нашриёти “Ирфон”) оғоз меёбад. Дар ҳамин сол донишҷӯи шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултети таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мешавад. Аз соли 1958, яъне ба ҳангоми донишҷӯӣ ба ҳайси котиби масъули рӯзномаи “Ба қуллаҳои дониш”-и Донишгоҳ ва ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи “Дар посбонӣ”-и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ фаъолият кардааст.
Солҳои 1962-1963 котиби масъули рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”), 1963-1969 мудири шуъбаи адабиёт ва котиби масъули рӯзномаи “Маориф ва маданият”, 1969-1975 мудири шуъбаи маданият ва пас аз он котиби масъули рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) буд.
Солҳои 1975-1977 донишҷӯи факултаи журналистикаи Академияи илмҳои ҷомеашиносии назди КМ КПСС дар шаҳри Москва буд ва онро бо дипломи аъло хатм мекунад. Баъди хатми он, солҳои 1977-1984 ба ҳайси ҷонишини сармуҳаррири барномаҳои сиёсии Радиои Тоҷикистон, сармуҳаррири барномаи “Ахбор” ва намоишҳои ҷамъиятӣ - сиёсии Телевизиони Тоҷикистон, солҳои 1981-1986 нахуст котиби масъул, баъд ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон” (ҳоло ҳафтавори “Адабиёт ва санъат”) фаъолият кардааст.
Дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (“Ҷумҳурият”) 9 сол, солҳои 1986-1995 сармуҳаррир буд. Ин солҳо солҳои мураккаби он даврон аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ ба шумор мерафт. Ҳар замон барои сарвари ин рӯзномаи бонуфузу рақами яки кишвар имкони лағжишу лағжонидан вуҷуд дошт. Фикр мекунам, танҳо нафаре чун ӯ метавонист худро ва рӯзномаро пойдор нигоҳ бидораду ба мақому мартаба бирасаду бирасонад.
Дар оғози фаъолияташ, ки ба даврони бозсозӣ рост омад, мебоист ҳақиқатро ошкоро, бепарда баён дораду матолиби ҷавобгӯи талаботи даврро ба нашр бирасонад. Чунин тарзи фаъолият, аммо на ҳамаи роҳбарону сарваронро писанд меафтод.
Ин ҳама пушти сар шуда буд, ки ҳаракати миллӣ – озодихоҳӣ, истиқлолиятталабӣ ба вуҷуд омаданд. Равшандилону равшанфикрон бо нашри матолибашон камбудиҳои ҷомеа, фаъолияти сарварону раҳбаронро изҳор медоштанду ба таври худу фаҳмиши худ роҳнамунии миллату давлатро мехостанд. Дар баробари ин ҳама, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳо, гурӯҳҳо таъсис меёфтанду манфиатҳои худро ба миён мегузоштанд, то низоми роҳбариву сарвариро ба даст бигиранд.
Умуман, даврони истиқлолхоҳӣ як даврони мураккаб маҳсуб мешуд. Нашри матолиб, гуногунандешӣ дар матбуоти даврии он замон водор месохт, ки рӯзнома на танҳо муштариён, хонандагонашро аз даст надиҳад, балки бояд барои шинохти ҳақиқат, интихоби мавқеву роҳи дуруст мусоидат бикунад, баду некро холисона, ба манфиати миллат бишиносонад. Раҳнамунии кормандон, ҷалби онҳо ба мавзуъҳои муҳими рӯз ба зиммаи сарвар афтода буд. Дар ҳамин гуна ҳолатҳои мураккабу баъзан вақт ногувор ба кормандон на танҳо ҷасорат бахшидан зарур буд, балки дар ҳар гуна лаҳза онҳоро мебоист, ки ҳимоя мекард, дилгарм месохт.
Ба болои ин ҳама ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Фаъолият дар ин давра бениҳоят мушкил шуд. Ҷон дар кафи даст бояд рӯзномаро нашр мекарданд ва ба дасти хонандагон мерасонданд. Ҳеҷ кас аз оқибати ин ҷанг ва ба чи анҷом ёфтани онро намедонист. Ҳимояи манфиатҳои миллат, пойдории он, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, дар ин рӯзгор, ки садои тир атрофу акнофро фарогир буд ва ба ҷисму ҷонҳо таҳдид мекард, ҳаргиз ба осонӣ даст намедод.
Маҳз дар ин муддат дарёфтам, ки устод бисёр самимӣ ва дӯстдори миллат буд ва мехост тамоми кормандони ин идора ҳамин гуна сифатҳои некро доро бошанд. Аз нахустин навиштаҳои хабарнигори ҷавон дарёфта метавонист, ки ӯ ба кадом қуллаҳо имкони баромаданро дорад ва ба манфиати миллат хидмат мекунад.
Ба шодиву ғами ҳар коргари идора шарик буд ва дар доираи имкон ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз мекард.
Нуҳ сол, фикр мекунам, ки танҳо ӯ метавонист дар он даврони мураккаб сарварӣ намояд ва боре ҳам налағжаду нагузорад, ки як кормандаш билағжад ва ҳам рӯзнома мавқеву эътиборашро аз даст надиҳад.
Имрӯз, албатта, дар бораи он рӯзҳои даҳшатбор сухан гуфтан осон аст, аммо ҳар нафаре, ки бо шунидани садои тирҳо ба идора барои нашри навбатии рӯзнома омадааст, ҳатто тасаввураш, пеши рӯ оварданаш дардафзову ранҷбор мебошад. Ба иловаи ин, агар чандин моҳ бе маош кор карданро ба хотири миллату давлат пеши рӯ биёрем, масъулияту дарду ранҷи сарвари идора Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоевро андак эҳсос намудан мумкин аст.
Аз охири соли 1995 то соли 1998, яъне то ба нафақа баромадан ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Пас аз он ҳам ба фаъолияти рӯзноманигорӣ, сиёсӣ, ҷамъиятӣ идома дод. Дар сини 67-солагӣ, дақиқтараш 28-уми ноябри соли 2004 аз дунё даргузашт. Ҷисми беҷонашро дар оромгоҳи Саросиёи шаҳри Душанбе ба хок супурданд.
Ному фаъолияти некаш, албатта, ҳамеша зикр мешавад ва ҷойи ӯ аз он рӯзгоре, ки дунёро падруд гуфт, аз дидаҳо ба дилҳо рафтааст.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.04.2024 №: 79
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)