ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ҚОНУНИ ҲАҚИҚАТ МЕСАРОЯМ...

БА ҚОНУНИ ҲАҚИҚАТ МЕСАРОЯМ...

02 май 2024, Панҷшанбе
40
0
Дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (9-уми марти соли 2024) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар, яъне пас аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд, ки соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидааст. Агар зимни ироаи Паёми навбатӣ ин иқдомро ба муносибати 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда бошанд, дар ин мулоқот моҳияти онро васеъ ва равшан шарҳ доданд. Ба ин восита роҳнамоӣ карданд, ки ниҳодҳои дахлдор дар ин маврид бештару беҳтар ба кадом қисматҳои Конститутсия ва ин сол таваҷҷуҳи махсус зоҳир кунанд. Албатта, ҳамзамон, бо дарки муҳимияти масъалаҳо дар тарғибу амалшавии он махсус тадбирандешӣ намоянд.
Ҳамин тавр, Сарвари давлат ҳадафҳои Соли маърифати ҳуқуқиро муайян мекунанд:
1. Тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун.
2. Таъмин намудани волоияти қонун.
3. Ба роҳ мондани усули ҳамкориҳои самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.
Фикр мекунам, ҳар кадом аз ин масъалаҳо ва ҳадафҳо барои ҳаллу амалӣ гаштан қабули барномаҳои махсусро хостор аст. Ин  барномаҳо бояд, дуруст, фаҳмо ва мушаххас бошанд, то  аз  рӯи онҳо ҳар ниҳод  вазифаҳои худро  сари вақт иҷро намояд. Аз ҷумла, мо – донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ бо хонандагон ва толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ бо омӯзгоронамон дар доираи имкониятҳои мавҷуда суҳбатҳо доир бикунем.  Инчунин,  дар тарғибу  ташвиқи  Конститутсия, қонунҳо саҳми бештару беҳтарро бигирем. Сарвари давлат зимни шарҳи ҳадафҳои асосии Соли маърифати ҳуқуқӣ дар мулоқот баён доштанд: “Дар робита ба ин, мақомоти дахлдори давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли ҷомеа, хусусан ходимони динро зарур меояд, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳи маърифатнокии аҳолии кишвар, аз ҷумла дарки амиқу бечунучарои муқаррароти моддаи якуми Конститутсия, ки тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи иҷтимоӣ мебошад, махсусан доир ба моҳияти дунявии давлат масъулияти бевосита зоҳир намоянд”.
Воқеан, ин модда, яъне моддаи якуми Конститутсия мақому моҳияти давлатдории моро равшан бозгӯ ва муайян мекунад. Ҳамчунин, бо чи мақсад ба кадом роҳ рафтани моро нишон медиҳад.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар, хосса ба ҳангоми барқаррор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, пойдор намудани миллату кишвар ин модда бештар муҳим буд. Ҷаҳониён ба мо дар он рӯзгор бо шубҳа менигаристанд, ки дар шароити ҷангӣ аз ин ду роҳ ё худ сохти коммунистӣ ва исломӣ кадомеро интихоб мекунем. Сарвари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на он ва на инро пазируфтанд ва эълон доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи иҷтимоӣ аст. Имрӯз ба шарофати пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ дарку ҷонибдории ин роҳи дурустӣ интихобшуда осон мебошад. Дар он рӯзгор бо он вазъи мураккаб пазириши ин сухан, ин роҳ ҳеҷ осон набуд. Махсусан дар бораи дунявияти давлат аз ҷониби гурӯҳе андешаҳои ихтилофбарангез садо медоданду дар матбуоти даврӣ ба табъ мерасиданд. Замон аммо собит сохт, ки интихоби Сарвари давлат барои ҳамаи мо ва аксар кишварҳои мутамаддину пешрафтаи ҷаҳон дурусту қобили қабул буд.
Дар мулоқот ин нукта бори дигар таъкид шуд, яъне ин масъала бояд бештар дар маркази таваҷҷуҳ қарор бигирад. Ходимони дин ҳам аз рӯи дастуру раҳнамоии Сарвари давлат бояд дар ин сол бештару беҳтар  фаъолият кунанду муваффақ бишаванд.
Ба рағми ҳамаи бадхоҳону душманони миллат ва кишварамон Конститутсия наздики сӣ сол пеш қабул гардид ва имсол ин сана таҷлил мегардад. Он бо иродаи шаҳрвандон ва раъйдиҳии онҳо қабул шуд. Ҳамин тавр, Конститутсия 1) поягузори истиқлолияти давлатии миллати тоҷикон; 2) давлату давлатдории навин; 3) таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар; 4) муайянкунандаи самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ҷомеа гардид. Ҳамзамон, он принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро муайян кард.
Пешвои миллат моҳияту мақоми Конститутсияро равшану возеҳ баён намуданд: “Дар иртибот бо арзишҳои умумипазируфташуда мо дар Конститутсияи худ андешаю мафҳумҳои комилан нави конститутсионӣ, аз ҷумла арзишҳои олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, гуногунандешии сиёсию мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқод, сухан, матбуот, гуногуншаклии моликият бо эътирофи моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкориро сабт намудем”.
Ин арзишҳои олӣ дар ин муддат татбиқ гардиданд ва, ҳамзамон, роҳҳои минбаъдаи рушду такомули он муайян гардид. Таҷлили 30-солагии Конститусия ва эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ барои дарку фаҳми моҳияти ин масъалаҳои муҳим низ мебошад. Албатта, мурод танҳо дарку фаҳми онҳо нест, балки бо шинохти масъулияти зиёду бузург иҷрои онҳо  низ аст.
Яке аз дастовардҳои асосиву барҷастаи ин раванд демократикунонии тамоми ҳаёти ҷомеа буд, ки ба он ноил гардидем. Маълум аст, ки гурӯҳе, агар ҳам хурд аст, онро намехоҳанд, вазифаи мо мебошад, то сохти мазкурро дар баробари ҳифз намудан тарғиб низ намоем. Барҳақ иброз доштаанд:
Ба Қонуни ҳақиқат месароям, то забон дорам,
Ба зидди душманонаш мебароям, то ки ҷон дорам.
Конститутсия, барҳақ, чун шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз, таъинкунандаи сарнавишти миллати мо эътироф шудааст. Дарку фаҳм, омӯзишу тарғиби он ба ин хотир аст.
 
ҚОДИРИЁН Мадина Аъламхон,
донишҷӯи соли сеюми 
факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Санаи нашр: 02.05.2024 №: 82
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив