ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАҲКИМИ ҚОНУНСОЛОРӢ - ҲАДАФИ МЕҲВАРИИ СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ  

ТАҲКИМИ ҚОНУНСОЛОРӢ - ҲАДАФИ МЕҲВАРИИ СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ  

04 май 2024, Шанбе
34
0

 
Имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мешавад. Кишвари мо дар заминаи муқаррароти ин санади олии ҳуқуқӣ, ки 6-уми  ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, дар масири бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ собитқадам буда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба комёбиҳои шоистаи таҳсин ноил гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ нақши Конститутсия дар эъмори давлати мустақили миллӣ, таҳкими пояҳои устувори ҷомеа ва давлат, таҳкими  сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ, муҳайё кардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як шаҳрванди мамлакатро таъкид сохта, пешниҳод карданд, ки ба ифтихори ин санаи муҳими таърихӣ соли 2024 дар ҷумҳурӣ  Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад. 
Мусаллам аст, ки масъалаи баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон меҳвари асосии сиёсати ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ин аст, ки баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул шудааст. Чунончи, ҳанӯз 9-уми апрели соли 1997 бо мақсади таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолӣ ва гирифтани пеши роҳи қонуншиканиҳо, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 22 августи соли 1997, таҳти №383,  «Дар бораи  беъзе  чораҳои беҳтар  намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон  ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» қабул гардид.
Ҳамчунин,  бо мақсади тарбияи ҳуқуқии  шаҳрвандон  ду барномаи давлатӣ: Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020,  қабул ва амалӣ шуд. Баъд аз иҷрои муваффақонаи ин барномаҳо, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри  соли 2019 барномаи сеюм – Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030  тасдиқ  гардида, ҳоло мавриди амал қарор дорад.
Судяҳо ва кормандони суди иқтисодии вилояти Хатлон тибқи нақшаи фаъолияти рӯзмарраи худ бо истифода аз шаклҳои гуногуни тарғибу ташвиқи асосҳои ҳуқуқу давлатдорӣ,  аз ҷумла аз тариқи воситаҳои ахбори омма – телевизион ва радио,  рӯзномаю  маҷаллаҳо ва вохӯриҳо дар коллективҳои меҳнатӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаву ташкилотҳои ҳудуди вилоят дар  баланд бардоштани маърифати  ҳуқуқии сокинони вилоят, бархӯрдор кардани онҳо аз муҳтавои қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлатамон ва бо ин роҳ дар пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо саҳми худро мегузоранд.
Тадбири дигар ин аст, ки судяҳои суди иқтисодии вилояти Хатлон сол ба сол мурофиаҳои сайёри судиро зиёд карда, онро ҳамчун минбари тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон истифода мебаранд. Чунончи, соли гузашта вобаста ба парвандаҳои баррасишуда 131 маротиба мурофиаҳои сайёри судӣ гузаронда шуда, моҳияти қарорҳои қабулшуда дар ҷояш ба иштирокчиёни мурофиаи судӣ фаҳмонда шуд.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро мақсади асосии худ медонад. Аз ин рӯ, насли имрӯза, бахусус наврасон ва ҷавонон, бояд дар руҳияи баланди эҳтиром ва риояи қонунҳо, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва башарӣ тарбия ёбанд. Бо ин мақсад, ҳар яки моро зарур аст, ки барои такмили маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳм гузорем, зеро маърифати ҳуқуқӣ як қисми таркибии фарҳанги инсонӣ буда, бо тарбияи сиёсӣ ва ахлоқӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Бо баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ риояи қонун ба одати ҳаррӯза ё худ муқаррарии шаҳрвандон табдил меёбад. Дар иртибот ба ин ҳадафи наҷиби роҳбарияти олии кишвар, ниҳодҳои дахлдорро мебояд, ки фаъолияти худро дар миёни аҳолӣ боз ҳам густариш диҳанд.  

Сироҷиддин САЙДАЛӢ, 
судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон

Санаи нашр: 03.05.2024 №: 83
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив