АЗ ШОГИРДИИ АКАДЕМИК БОБО САНГИНОВ ТО УСТОДӢ
Олимони вилояти Хатлон дар парвариши зироатҳои техникии кишоварзӣ, махсусан пахтаи маҳиннах, солҳост, ки номбардоранд. Дар хоҷагиҳои таҷрибавӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии водии Вахш бисёр навъу намудҳои пахтаи серҳосили маҳиннах ихтироъ ва ноҳиябандӣ гардонда шудаанд. Дар ин ҷо олимони шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ, ба монанди академикҳо Вячеслав Красичков, Бобо Сангинов ва дигарон ба пажӯҳиш машғул гашта, чандин навъҳои серҳосилу ба иқлими гарм тобовари пахтаи маҳиннахро кашф кардаанд.
Солҳои соҳибистиқлолии кишвар дастовардҳои илмии пешиниёнро олими пуркор Суҳроби Маҳмад, директори филиали Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, номзади илмҳои кишоварзӣ, муаллифи китоби «30 соли фаъолияти пурсамар дар илми кишоварзӣ» ва 15 монография, эҷодкорона, идома мебахшад.
Олими сермаҳсул Суҳроби Маҳмад, аз мутахассиси одӣ то ба сарварии ин боргоҳи илмию тадқиқотӣ расидааст. Ӯ худ иброз медорад, ки аввал дар ҷодаи илм мушкилҳо буданд, аммо устодон, олимони варзида бародарон Сангиновҳо ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд ва ман бо роҳнамоии чунин шахсиятҳои барҷаста донишҳои бунёдӣ ва замонавии соҳаро аз китобҳои А. С. Авраменко, А. Матиев, М. Наполский, Н. С. Паришкуров, М. А. Варламов, Ш. Т. Бурнашев, Б. Шамсиддинов, Бобо Сангинов, Абдуҷалил Сангинов, Самандаров ва дигарон омӯхтам, тадқиқотҳои илмӣ бурдам ва рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, ба чунин мартабаи баланд ноил гаштам.
Суҳроби Маҳмад дар баробари роҳбар, ташкилотчии моҳир будан, ҳамзамон, ихтироъкори якчанд навъҳои нави пахта, махсусан навъҳои пахтаи дарознах аст, ки ҳамасола дар хоҷагиҳои калони «Авесто»-и ноҳияи Қубодиён, хоҷагии тухмипарварии «Кӯлоб»-и ноҳияи Вахш кишт мешавад ва ҳосили дилхоҳ медиҳад.
Таҷрибаи пешқадам ва илман асосноки ӯ ва олимони ин боргоҳ айни замон дар бисёр хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон омӯхта ва истифода мешавад. Пешниҳоди ҷадиди ин олими шинохта дар технологияи нави кишти пунбадонаи зери плёнка бо усулҳои замонавӣ аз соли 2015 амалӣ гардида истодааст.
Навъҳои нави пахтаи миёнанахи коркарди олимони филиал ҳамасола дар вилояти Хатлон ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ дар майдони 63 ҳазор га кишт мешаванд.
Суҳроби Маҳмад кишти якҷояи дони ҷуворимаккаро бо нуриҳои навъҳои биологии «Биочин» ба роҳ монд. Истифодаи ин тарзи нав ба хоҷагиҳои деҳқонӣ фоидаи зиёди соф овард ва маблағ низ сарфа гардид. Зироаткорон аз кишти юнучқаи «Вахш» ва ҷуворимаккаи «Марҷон-Б» низ ҳосили дилхоҳ мерӯёнанд.
Олимони филиал ва директор Суҳроби Маҳмад дар мавсими имсолаи кишти зироатҳо, махсусан кишти пунбадона, хело серташвишанд. Онҳо ба роҳбарони хоҷагиҳо 22 навъи тухмӣ, аз ҷумла 15 навъи тухмии ватанӣ: «Бохтар-23», «Нодир», «Тоҷикистон», «30-солагии Истиқлолият», «Насими Вахш» ва ғайраро барои истифода тавсия медиҳанд ва онҳоро бо ин тухмиҳои серҳосилу ба касаливу иқлим тобовар таъмин менамоянд.
Музаффар МУРОДОВ,
бойгонишиноси дастгоҳи
раиси вилояти Хатлон