ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

“ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

04 май 2024, Шанбе
41
0


Китоби доктори илмҳои таърих Ширин Қурбонова зери унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – мактаби сиёсии Пешвои миллат” аз маҷмуаи мақолаҳо иборат буда, натиҷаи таҳқиқу пажӯҳишҳои муаллиф мебошад, ки дар он нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди таърихи давлати навини тоҷикон, таъсис ва фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба таври мукаммал инъикос гардидааст. 
Ҳамчунон, бо баррасии моҳи-яти Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар мешавад, ки маҳз дар ҳамин Иҷлосия Сарвари давлат интихоб гардид, ки бо ҷасорати инсонӣ ва хиради сиёсӣ миллату кишварро аз вартаи парокандагӣ ва нобудӣ берун кашид. Муаллиф дуруст қайд менамояд, ки минбаъд эътибори бузурги сиёсӣ пайдо кардани Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ва дурандешию сулҳофаринии ӯ иртибот дорад. Бояд қайд кард, ки қариб дар ҳамаи мақолаҳои китоб нақши Роҳбари давлат дар таҳия ва татбиқи барномаҳои мукаммали сиёсӣ ҷиҳати раҳоӣ аз буҳронҳову мушкилиҳо пажӯҳиш гардидаанд. Муаллиф нақши Сарвари давлатро бахусус дар истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон, инчунин, дар роҳандозии барномаҳои мушаххаси давлатӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ баррасӣ намуда, зимни он аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол, ки халқи тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар ба даст овардаанд, ёдрас месозад.
Дар он мақолаҳое, ки бевосита ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шудаанд, муаллиф кӯшидааст, ки заминаҳо ва зарурати таъсиси ҳизб, инчунин, вижагиҳои роҳбари сиёсиро бо истифода аз ҳадафҳои неки миллӣ инъикос намуда, ҳамоҳангии раияту раёсати кишварро тибқи меъёрҳои ҳақиқатнигорӣ таҷассум намояд. Ба ақидаи ӯ, мактаби сиёсии Пешвои миллат дар фаъолияту чорабиниҳои сиёсии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон инъикос ёфта, дар ин замина, нақшашон ҷиҳати таъсису таҳияи барномаҳои ҳизбӣ муассир арзёбӣ мегардад. Муаллиф бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқӣ ва ягона, таҳкими ризояти миллӣ, густариши демократия ва ҷомеаи иҷтимоӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ бо давлатҳои мутамаддини дунё, ислоҳоти амиқи сиёсӣ, волоияти қонун ва муборизаи беамон бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, таъмини истиқлолият, дахлнопазирии сарҳадот ва ягонагии кишвар, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳаёти осоиштаи мардум ва ғайраро аз ҳадафҳои асосии ҳизб медонад.
Баъзе аз мақолаҳои маҷмуа ба масоили инъикоси илму фарҳанг, ҷашнҳои миллӣ ва дастовардҳои олимони кишвар бахшида шудаанд, ки ҷиҳати таблиғу тарғиби мероси фарҳангӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ муфид ва саривақтӣ ба ҳисоб мераванд. Ин нуктаро низ бояд таъкид намоем, ки китоби мазкур дорои аҳамияти илмӣ буда, барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино арзанда мебошад.

Б. ҚУРБОНОВ, 
ноиби ректори Донишкадаи 
исломии Тоҷикистон ба номи 
Имоми Аъзам – Абуҳанифа 
Нуъмон ибни Собит,
доктори илмҳои таърих, профессор

Санаи нашр: 03.05.2024 №: 83
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив