МИРЗО ТУРСУНЗОДА. МУНОДИИ СУЛҲ
Аз давраҳои қадим миллати тоҷик дорои шахсиятҳои бузургест, ки дар рушду нумуи фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми шоиста гузошта, номи хешро дар лавҳаи таърих абадан сабт намуданд. Дар ин радиф, бо ифтихор метавон номи фарзонафарзанди тоҷик Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, абармарди арсаи сиёсат Мирзо Турсунзодаро ба забон овард, ки, пеш аз ҳама, дар олам ҳамчун шоири сулҳсаро машҳур аст.
Ин бузургмарди таърихиро на фақат дар Тоҷикистон, балки аксари кишварҳои дунё, хусусан манотиқи Осиё ва Африқо, мешиносанд ва то имрӯз номи некашро ба ёд меоваранд. Зеро ӯ тавассути неруи сухан тавонист дар дили мардуми кишварҳои олам ҷой гирад ва бо ҳар нафаре бо забону фаҳми ӯ суҳбат кунад ва ҳар суханеро дар мақоми хеш ба мардум расонад. Ҳамин ҷасорату фасоҳати ӯ буд, ки дӯстони хуберо аз тамоми кишварҳои олам кашф кард.
Ӯ бо азму иродаи матин вориди саҳнаи муборизаҳо шуда, ба мардуми олам ва алалхусус Осиё, паёми сулҳу оромиро меовард ва ба онҳо хитоб менамуд, ки бо ҳамин силоҳ метавон тухми ҷаҳлу ҷангро решакан кард ва ғолибиятро ба даст овард:
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил.
То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,
Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон.
Сулҳу амният таваллуд ёфт чун дар мулки ман,
Дӯст медорем мо онро ба монанди Ватан.
Воқеан, агар ба эҷодиёти устод Турсунзода назар андозем, бештари талошу мароқаш ба васлу ҳамгироии мардумони Осиё ва дӯстиву рафоқати халқиятҳои олам бахшида шудааст. Донишманд ва профессор Иброҳим Усмонов фаъолиятҳои гуногуни устод Турсунзодаро дар муаррифии фарҳангу адабу тамаддуни тоҷикон дар миёни халқҳои ҷаҳон муҳим арзёбӣ карда, меафармояд: “Мирзо Турсунзода адиби хеле варзидаву бузург, ки шоирону нависандагони Ҳиндустону Покистон, Эрону Афғонистон ва дигар мамолики Осиёиву африкоӣ ба ӯ чун шахсияти барҷастаи адабиёт ва инсони неруманду сулҳпарвар рӯ меоварданду эҳтиромаш мекарданд”.
Мавриди зикр аст, ки ҳамин заҳамоти устод Турсунзодаро дӯсташ Файз Аҳмад Файз, шоир ва нависандаи покистонӣ, чунин менигорад: "Аввалин бор Турсунзодаро соли 1949 дидам ва баъдҳо дар Москва ва Тошкент вохӯрдам. Турсунзода шахсияте буд, ки бо ҳама инсонҳо чи коргар, чи адиб, муносибати дӯстона мекард, зеро ӯ бо одамон бо чашму дил суҳбат мекард. Ёд дорам, боре ӯ дар яке аз шаҳрҳои Покистон бо коргарон ба забони форсӣ-тоҷикӣ суҳбат менамуд ва онҳо ӯро мефаҳмиданд, зеро ӯ бо чашму дил сухан мегуфт. Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд. Ӯ Ватани худро, халқи худро дӯст медошт".
Мирзо Турсунзода аз ибтидои ҳаёти худ барои сулҳу дӯстии инсонҳо талош карда, пайваста таъкид мекард: "Миллионҳо одамони тамоми қитъаҳои дунё бо чашми умед ба мо менигаранд ва мо ҳеҷ як қувваи худро дареғ надошта, дар оянда ҳам байрақи муборизаи сулҳро дар дастамон маҳкам медорем ва ба тамоми одамони софдили дунё дасти дӯстӣ дароз мекунем".
Аз ин лиҳоз, мо фарзандони Тоҷикистонро зарур аст, то ба дастурот ва роҳнамоиҳои устод Турсунзода ва ташаббусҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат пайравӣ намуда, баҳри ободии Ватан ва пояндагии сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии мардум саҳм гузорем.
Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Санаи нашр: 10.05.2024 №: 87-88
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)