ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХУРОФОТ.  ҶАҲОЛАТИ ДИНӢ ВА ТАҚВИЯТИ ТААССУБУ ИФРОТГАРОӢ  АЗ МАСЪАЛАҲОИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД

ХУРОФОТ.  ҶАҲОЛАТИ ДИНӢ ВА ТАҚВИЯТИ ТААССУБУ ИФРОТГАРОӢ  АЗ МАСЪАЛАҲОИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД

14 май 2024, Сешанбе
43
0
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин барҳақ изҳор доштанд: "Аммо маҳз бо сабаби надонистанамон ба таассубу хурофот дода шуда, чунин маъракаҳои серхарҷро доир менамоему ҳам талаботи динро риоя намекунем ва ҳам барои аҳли оила мушкилӣ эҷод мекунем".
 
Дар ин як ҷумлаи пурмуҳтаво чандин масъаларо ба миён мегузоранд, ки ҳалли дурусту саривақтии он барои пешрафти ҷомеа, кишвар, боло бурдани зиндагии шаҳрвандон бисёр заруранд. Мутаассифона, ин ҳақиқатро бо тамоми паҳлуҳояш, агар гурӯҳе дарк накунанд, гурӯҳе, ҳатто баъзе аз масъулони соҳа мехоҳанд, ба тавре ки худ мехоҳанду ҷилва медиҳанд, баён кунанд.
Аввалан, Пешвои миллат зикр менамоянд, ки маъракаҳои серхарҷро доир мекунем. Ин ҳақиқат бе собит сохтану овардани факту далелҳо равшан аст. Замоне ки дар ин бора бинависӣ, ба баъзе аз ниҳодҳои дахлдор сахт мерасад ва ҳатман эрод мегиранд, ки “оё барои ба ин хулоса расидан муаллиф ягон пурсиши иҷтимоӣ гузарондааст ва ё ягон тадқиқоти журналистӣ анҷом додааст?”. Бехабар аз ин ки:
Он кас, ки зи шаҳри ошноист,
Донад, ки матои мо куҷоист.
 
Тадқиқоти журналистӣ аз таҳқиқоти журналистӣ тафовут дорад. “Пурсиши иҷтимоӣ” гузарондан вазифаи ниҳодҳои дахлдор аст, то ба ин натиҷа бирасанд, ки фаъолияташон то куҷо таъсиргузор буд ва дар оянда бояд чи корҳоеро бо чи тарз ба анҷом бирасонанд.
Воситаҳои ахбори омма дар ин маврид гузоришҳоро аз вайрон кардану қонуншиканиҳо пешкаши аҳолии кишвар намудаанду менамоянд, то барои дигарон дарси ибрат шавад ва ҳам мақомоти дахлдор нисбат ба қонуншиканҳо чораҳои маъмурӣ андешидаанду меандешанд.
Масъалаи дигаре, ки Сарвари давлат дар маркази диққати мо мегузоранд, аз надонистан ба таассубу хурофот рӯ овардан мебошад. Бархе аз масъулони соҳа тафовути надонистанро аз боварӣ доштан бояд дарк бикунанд. Аксари мо ба дин, ба ислом гаравидаем ва чун мусулмон эътироф мешавем, аммо на ҳама фармудаҳо, донишҳои диниро медонем. Аз ин рӯ, риоя намекунем, ба хурофоту таассуб дил мебандем. Ҳамаи қонуншиканиҳо бо ин сабаб аст, яъне маъракаҳои серхарҷро доир мекунем.
Ҳақиқатро  ҳеҷ  гоҳ,  ба  ҳеҷ  сурат  наметавон  пӯшид. Бар  асари  надонистани дин ҷавонони мо зуд ба доми гурӯҳҳои ифротиву таассубӣ меафтанд. Дар хориҷи кишвар аз нафароне таълими одитарину асоситарин амалҳои исломиро мегиранд, ки худашон маълумоти пурраву кофӣ дар ин соҳаро надоранд ва мактабдида нестанд. Вақте ин гуна афрод бо чунин таълими гирифта вориди кишвар мешаванд ва дар онҳо ихтилофҳоро мебинанд, мепиндоранд, ки ба равияҳои гуногуни зидду ихтилофангези ҷомеаи мо иртибот доранд. Ҳол он ки ин афрод таълими намозу баъзе аз дигар амалҳои исломиро зимни муҳоҷирати меҳнатӣ омӯхтаанд. Кӣ ба онҳо ҳақиқати исломро, амалҳову донишҳои исломиро дуруст меомӯзонад? Масҷидҳо, дар ин сурат, ҳеҷ гуна таъсири заруриро гузошта наметавонанд, чунин муқтадиён ё худ намозгузорон то ба ин макон омадан, аллакай то ҷое омода шудаанд. Ба қавли Мавлоно:
Зи даъвӣ пурӣ, з-он тиҳӣ меравӣ,
Тиҳӣ ой, то пурмаонӣ шавӣ.
 
Ва ҳам ӯ ба ин мазмун мегуфт, ки бо кӯзаҳои тозаву холӣ ба назди мо биёед, то онро пур аз рӯған бикунем. Ба кӯзаҳое, ки пур аз гилу хоку сангреза аст, чӣ миқдор ва чӣ тавр рӯған бирезем?
Мурод ин аст, ки бар афроди ноогоҳ ҳатто зарурати “мағзшӯӣ” ба вуҷуд намеояд. Онҳоро ба осонӣ ба дом афтондан мумкин аст.
Омӯзиши дин ва олими комили дин шудан ба панҷ соли таҳсил вобастагӣ надорад. Агар шахс истеъдод, саъю кӯшиш ва ахлоқи ҳамида дошта бошад, ба қавли баъзе аз уламои соҳа, 30 сол зарур аст. Замоне ки баъзе аз муқтадиён ё худ намозгузорон ба амрҳои маъруфу амалҳои имомхатибони масҷидҳо эрод мегиранд ва онҳо бар ин асос ҳам доранд, бояд тадбирандешии дуруст кард.
Имрӯзҳо бархе аз ин гуна ба ном “донанда” тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ худашонро тарғиб мекунанд. Барои аввом дар мавзуъҳое суҳбат мекунанд, ки онҳоро на танҳо дарк мекунанд, балки дар ин хусус баҳсу гуфтугӯву низоъ намудан манъ шудааст, аз қабили арши Худо, тақдир ва ғайраҳо. Дар натиҷа, уламои дигар кишварҳо бар онҳо эрод мегиранд. Инчунин, дар мавъизаҳояшон шеърҳои шоиронро ба кор мебаранд. Ҳам шеърро хато мехонанд ва ҳам номи муаллифашро хато бозгӯӣ мекунанд. Масалан, шеъри Фахриддини Ироқиро:
Ба тавофи Каъба рафтам, 
ба ҳарам раҳам надоданд,
Ки буруни дар чӣ кардӣ, 
ки даруни Хона оӣ?
ба Саъдии Шерозӣ нисбат медиҳад.
Аз баъзе амрҳои маъруф эҳсос мешавад, ки воизон ба вазни шеър, задаҳои мантиқӣ ошноии комил надоранд. 
Олимат ғофил асту ту ғофил,
Хуфтаро хуфта кай кунад бедор?
Ба ҷуз ин забони ин гуна амрҳои маъруф чунон харобу кӯчагӣ аст, ки ҳеҷ бовари кас намеояд, ки он аз ҷониби олими соҳа ироа гардида истодааст. Онҳо далел меоранд, ки бо аввом бояд чунин суҳбат доир бикунем. Яъне, бо ин далел аз истифодаи забони шевову зебои адабии тоҷикӣ канора мегиранд.
Мурод чӣ аст? Ин гуна амрҳои маъруф бояд, ки аз ҷониби Шурои исломӣ ва ё таъсиси гурӯҳе аз донишмандони асилу муътақид пазируфта, баъд барои тарғибу нашрашон истифода шаванд. Ин ба нафъи худи воизон мебошад. Зарур аст, ки ин ниҳодҳо мавзуъҳои мавъизаҳоро ба онҳо пешниҳод намоянд, то дар тарбияи динӣ ва ахлоқии ҷомеа саҳми дурусту муносиб гирифта тавонанду ихтилофҳову хатоҳо сар назананд. 
Имрӯз, ба таъкиди Сарвари давлат, вазъи ҷаҳон мураккаб аст ва бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, тамоми тадбирҳои заруриро биандешем, то истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои миллӣ ҳифз шаванд.
Бо чанд мулоқоту вохӯрӣ баъзе аз ниҳодҳо гӯё вазифаашонро иҷро намудаанд ва мепиндоранд, ки ҳатто маҳбусон ҳам пас аз он ба роҳи дуруст рӯ меоранд. Кош чунин мебуд.
Пешвои миллат дар ин мулоқот дуруст эрод гирифтанд: “Вале таъкид бояд кард, ки аз ҷониби субъектҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, аз ҷумла вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти кор бо дин, ҷавонон, занон ва оила, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидораи шаҳрак ва деҳот, инчунин, аҳли ҷомеаи татбиқи санадҳои зикршуда дар сатҳи зарурӣ ва мутобиқ ба вазъи воқеӣ ба роҳ монда нашуда, чунин ба назар мерасад, ки онҳо даҳшату фоҷиаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро фаромӯш кардаанд”.
Яке аз масъулони соҳа менависад, ки дар натиҷаи тадбирандешӣ, фаҳмондадиҳӣ дар соли 2023 “100 нафар ҳамватанон, ки нияти ба такрор анҷом додани зиёрати Каъбаро доштанд, маблағҳои ба ин мақсад ҷудокардаи худро барои ободии маҳали зисти худ... харҷ намуданд”. Албатта, ин хуб аст, аммо чаро маълумот пешниҳод намекунанд, ки дар ин сол, яъне соли 2023 чӣ қадар аз ҳамватанони мо ба воситаи дигар кишварҳо ба зиёрати Каъба рафтаанд? Бояд ҷойи таассуф бошад, ки пули шаҳрвандони кишварамон ба ин ният, хосса умра дар дигар кишварҳо сарф мешавад.
Зарур будани донишу маърифатро дар рафъи хурофотпарастӣ тасдиқ мекунанд ва бо итминон мегӯянд, ки ба ин васила аз он раҳо меёбем. Ин чӣ гуна итминон аст, ҳолиё ки ба ин сатҳ набаромадаем, муваффақ нашудаем? Ба ҷуз ин, дар мавриди мазкур аз “агар” истифода мекунанд. Садсолаҳост, ки аз хурофоту таассуб раҳоӣ наёфтаем, аммо набояд дар рафъи он ноумед шуд. Истифодаи “агар” аз ҷониби паёмбар (с) бар мусулмонон манъ шудааст ва онро аз нотавонӣ донистаасту арзёбиву таъкид мекунад. Ҳамчунин, дар иҷрои амру супоришҳову дастурҳои Пешвои миллат набояд “агар” бигӯем.
Дар ин мулоқот Сарвари давлат дуруст таъкид менамоянд: “Имрӯз дар Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ, ниҳодҳои диншиносии илмӣ, беш аз 250 ҳазор нафар ҳоҷиён, бештар аз 400 ҳазор умракардагон ва ҳазорҳо нафар ходимони дин – дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд... Вале бар ивази ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат, таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст”.
Ин таъкид бояд ҳамаи моро бештару беҳтар ба масъулиятшиносӣ, иҷрои дастуру супоришҳо водор созад. 
 
Абдулқодири РАҲИМ, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.05.2024 №: 89
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив