ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «РУХОМ».  МУАРРИФГАРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАҲОН

«РУХОМ».  МУАРРИФГАРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАҲОН

14 май 2024, Сешанбе
16
0
Имрӯзҳо, дар баробари даҳҳо корхонаву коргоҳҳои ҳунармандӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом» аз ширкатҳое маҳсуб меёбад, ки тайи сӣ сол ҷиҳати рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ фаъолият менамояд. Директори генералии Ҷамъият Муфарраҳ Муҳаббатов доир ба фаъолият, муваффақият ва нозукиҳои ҳунари сангтарошӣ андешаҳояшро чунин иброз дошт:
– Бояд гуфт, ки яке аз ҳунарҳои маъмули миллати тоҷик, ки ба сохтани ороишоту олоти рӯзгор иртибот дорад, сангтарошӣ мебошад. Асоси фаъолияти кории ҶДММ “Рухом”, роҳбарии онро ба дӯш дорам, омӯзиш, коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз сангҳои ранга, ороишӣ ва маснуоти ҳунарҳои халқист. 
Ҳунарманди асил дар ягон давру замон ба касе ё чизе эҳтиёҷ пайдо намекунад, аниқтараш дастнигар намегардад, зеро ҳунаре, ки дорад худ ганҷ аст. «Дасти одамизод гул аст»,– гуфтанҳои гузаштагон беҳуда нест. Гоҳ ҳунарманд аз як санги муқаррарӣ  чизҳое месозад, ки ҳар бинандаро мафтун мегардонад. Айни ҳол дар ширкати мо 72 нафар бо маълумоти олӣ  фаъолияти дорад, ки қисми зиёдашон дорои ихтисоси геологӣ мебошанд. Гарчанде маҳсулоти асосии истеҳсолии корхонаамон муҳра, тасбеҳ, гарданбанд, дастпона, овеза барои калид, шамъдон, гулдонҳо, ҷиҳозҳои рӯи миз, шоҳмот, мусаввараҳои гуногун ва дигар маснуоту молҳои армуғонӣ бошад ҳам, мо дар омода намудани тахтасангҳои ҳаккокишуда ва мозаикаҳои гуногун низ саҳм мегузорем. Ҳар гуна офаридаҳои аз сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистонро, ки сайёҳон чун армуғон бо худ мебаранд, муаррифгари  кишвари соҳибистиқлоламон аст. Боиси зикр аст, ки тайи солҳои мадид корхонаи мо бо фаъолияти пурсамари худ тавонист, ки дар намоишгоҳҳои дохиливу хориҷӣ  соҳиби диплому ифтихорномаҳо гардад. Дар бисёр чорабиниҳои сатҳи олии ҷаҳонӣ, аз ҷумла “Экспо 2005” (Ҷопон), “Экспо 2010” (Ҷумҳурии Мардумии Чин), Намоишгоҳи “20-солагии ИДМ” (Москва), “Экспо-Ёсу-2012” (Корея), “Экспо Авру Осиё- 2012” (Чин), “Экспо-Остона-2017” (Қазоқистон), “Экспо 2019” (Чин), "Намоиши ЮНЕСКО-2021" (Париж) ва дигар кишварҳои дунё ҳамасола Тоҷикистонро муаррифӣ менамоем. Соли 2006 ширкати мо узви Ассотсиатсияи осиёимиёнагӣ оид ба дастгирии ҳунарҳои мардумӣ гардида, пайваста дар номгӯи маснуоти ҳунарҳои мардумӣ корхонаи беҳтарини шаҳри Душанбе эътироф мегардад. Нақша дорем, ки дар оянда шароити корро боз ҳам беҳтар намуда, ҳамкориро бо корхонаҳои коркарди санги кишварҳо хориҷӣ ба роҳ монем.
 
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 14.05.2024 №: 89
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив