ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАҲОН  ДАР ЯК САТР

ҶАҲОН  ДАР ЯК САТР

16 май 2024, Панҷшанбе
30
0
Sputnik.tj.  Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ислоҳот дар соҳаи муҳоҷиратро омода мекунад. 
"Мо ислоҳотро барои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва пурзӯр намудани назорат аз болои муҳоҷирон омода карда истодаем", – гуфт иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев.
 
 
ТАСС. Комиссияи Аврупо пешгӯии рушди иқтисоди ҷаҳонро дар соли 2024 то 3,2 дарсад боло бурд. Баҳодиҳии қаблӣ, ки тирамоҳи соли 2023 пешниҳод шуда буд, афзоиши иқтисоди ҷаҳонро дар соли ҷорӣ 2,9 дарсад пешбинӣ мекард.
 
 
Lenta.ru. Президенти Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо хабаргузории «Синхуа»-и Чин изҳор дошт, ки Москва барои гуфтугӯ дар бораи Украина боз аст, аммо дар музокирот бояд манофеи ҳамаи кишварҳои дар низоъ ширкатдошта ба инобат гирифта шаванд.
 
 
 
 
Дар Тотористон анҷумани "Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum" ифтитоҳ ёфт
 
Sputnik.tj. Дар Қазон Форуми байналмилалии иқтисодии "Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum" оғоз шуд. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Русия ва кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ мебошад. 
Созмондиҳандагон онро платформаи асосии ҳамкории иқтисодии Федератсияи Русия ва кишварҳои ҷаҳони ислом медонанд.
Ин далелро макони баргузории чорабинӣ ва иштирокдорони намояндагӣ аз 80 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, тасдиқ мекунанд. 
Барнома 125 ҷаласаро дар бар мегирад, ки дар он мутахассисони Русия, кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар давлатҳо иштирок мекунанд.
Дар чорчӯби KazanForum донишгоҳҳои тиббии Қазон ва Душанбе созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.
 
 
Эрдоган ба далели иттилоъ дар бораи таҳдиди табаддулоти давлатӣ ҷаласаи изтирорӣ баргузор кард
 
Мир24. Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Туркия, дар пасманзари маълумоти пайдошуда дар бораи таҳдиди табаддулоти давлатӣ бо раҳбарони мақомоти қудратӣ нишасти изтирорӣ баргузор кард.  
Қаблан чанд корманди Идораи амнияти Анкара дар иртибот бо созмони ҷиноятии “Айхан Бора Каплан” гумонбар шуда, хонаҳояшонро кофтукоб карданд.
Ба гуфтаи шарики Роҳбари Туркия Девлет Бахчели, ин ҳодиса метавонад аз тавтеа барои сарнагун намудани Роҳбари давлат шаҳодат диҳад. Дар робита ба ин, ӯ аз мақомот хост, танҳо бо боздошти чанд афсари пулис маҳдуд нашаванд.
Рӯзномаи “Туркия” менависад, ки баъд аз изҳороти Бахчели, Эрдоган бо Йилмаз Тунч, роҳбари Вазорати адлия ва Иброҳим Калин, раиси Созмони истихбороти миллӣ мулоқоти изтирорӣ баргузор кард.
 
 
Чин ба Москва ва Киев муроҷиат кард
 
Lenta.ru. Муовини намояндаи доимии Чин дар СММ Гэн Шуан изҳор дошт: «Чин аз Киев ва Москва даъват мекунад, ки муколама дар бораи   оташбасро зуд аз сар гиранд».  
Ба гуфтаи Шуан, ҷомеаи ҷаҳон бояд барои зудтар хотима бахшидани  амалиёти ҷангӣ шароит фароҳам оварад. Ин мансабдор таъкид кард, ки Пекин ҳамкориро бо ҳама ҷонибҳои даргир идома хоҳад дод.
Қаблан Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, гуфта буд, ки Ҳукумати Чин ният дорад, минбаъд ҳам барои ба даст овардани сулҳ дар Украина мусоидат  намояд.
Санаи нашр: 16.05.2024 №: 90-91
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив