ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ ХОНАНДАГОН ҲУҚУҚҲОИ ХУДРО МЕДОНАНД...

МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ ХОНАНДАГОН ҲУҚУҚҲОИ ХУДРО МЕДОНАНД...

16 май 2024, Панҷшанбе
25
0
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан хонандагон, аз масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯза ба шумор меравад. Ҳарчанд хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳангоми таҳсил дар синфҳои 8 ва 9 бо омӯзишу аз худ кардани фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар бораи муҳимтарин мафҳумҳо: давлат, ҳуқуқ, сарчашмаҳои ҳуқуқ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, маърифат ва шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, мақомоти қонунгузор, риояи бечунучарои қонун, ҷинояткорӣ, ҷазо ва амсоли инҳо ошно мешаванд, лекин замони имрӯза тақозо менамояд, ки онҳо, пеш аз ҳама, бояд аз ҳуқуқу озодиҳо огаҳии комил дошта, худогоҳу худшинос бошанд.  
Шаҳрвандони кишвари маҳбубамон аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (аз 28-уми декабри соли 2023) хуб дарк карданд, ки ҳадафи Ҳукумату давлат – ин, пеш аз ҳама, пойдории истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, оромӣ, ободиву шукуфоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагонии аҳолӣ мебошад. 
Пешвои миллат зимни ироаи Паём махсус таъкид намуданд, ки «… дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад». Бо назардошти чунин таъкиди бамаврид, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори сеюм аст, ки Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд қабул гардид. Бешубҳа, шахси бохабар ва огоҳ аз қонуну ҳуқуқҳои конститутсионии худ дар ҳаёти худ ҳеҷ гоҳ фирефта намешавад. 
Боиси қаноатмандӣ аст, ки хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо адабиёти таълимӣ таъмин буда, зимни омӯзиши фанҳо аз омӯзгорони пуртаҷриба дар бораи Конститутсия, қонуну қарор, консепсияву барномаҳо, ойинномаи муассисаи таълимӣ ва амсоли инҳо маълумоти дахлдори таълимӣ, тарбиявӣ ва ҳуқуқӣ мегиранд. 
Таълим ва тарбияи ҳуқуқии муҳассилин ва аз зӯроварӣ, бадрафторӣ ва муносибати беэътиноёна ҳимоя кардани онҳо, вазифаи омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ мебошад. Илова ба ин, муаллимони муассисаҳои таълимӣ дар баробари омӯзишу тарбия, толибилмонро бо тарбияи миллӣ, ватанпарастӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, таҳаммул ва тоқатпазирӣ, сиёсӣ, эстетикӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, масъулиятшиносӣ, тарзи ҳаёти солим ва намудҳои дигари тарбия, ки дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд, ошно менамоянд. Тарбияи ҳуқуқӣ дар заминаи фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ ва арзишҳои ахлоқӣ ташаккул меёбад, ки барои баланд бардоштани маърифат ва фаҳмишу шуури ҳуқуқии шаҳрвандон муҳим аст. 
Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол ҷашн гирифта мешавад, Президенти маҳбуби кишвар соли 2024-ро - Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карданд, ки ҳадаф аз ин иқдом бо ҷалби тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, махсусан муассисаҳои таълимӣ, таҳким бахшидани маърифати ҳуқуқӣ ва дар доираи муқаррароти Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда амал кардани ҳар як шаҳрванд, бахусус хонандагони муассисаҳои таҳсилот миёнаи умумӣ, мебошад.   
С. НАЗРУЛЛОЕВА, 
директори МТМУ №29, шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 16.05.2024 №: 90-91
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив