ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД. ИСТЕҲСОЛИ БЕШ АЗ 1,7 МИЛЛИАРД СОМОНӢ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ 

СУҒД. ИСТЕҲСОЛИ БЕШ АЗ 1,7 МИЛЛИАРД СОМОНӢ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ 

20 май 2024, Душанбе
20
0
 
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ва вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода машварати корӣ баргузор гардид. 


Таъкид шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, кишоварзони вилоят саҳми назарраси худро дар таъмини амнияти озуқаворӣ мегузоранд.
Раиси вилоят зимни таҳлили вазъи кишту кори баҳорӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки бояд ҳар порча замин самаранок истифода ва нақшаи кишти зироатҳо пурра иҷро гардад. Зеро таъмини амнияти озуқавории мамлакат аз фаъолияти босамари кишоварзон вобастагии калон дошта, дар ин раванд масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати ҷоннок намудани кор дар ин самт ва таъмини уҳдадории худ аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.
Сулаймон Зиёзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои васеъ буда, масъулонро зарур аст, барои иҷрои нақшаҳои гузошташуда фаъолиятро тақвият бахшанд. Инчунин, зикр кард, ки соли равон бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳолати мелиоративии заминҳо беҳтар шуд ва ин бояд омили фаровонҳосилӣ гардад. 
Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 20.05.2024 №: 93
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив