ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОСОРХОНА. НАҚШИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ  ДАР КАМОЛОТИ МАЪРИФАТ

ОСОРХОНА. НАҚШИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ  ДАР КАМОЛОТИ МАЪРИФАТ

21 май 2024, Сешанбе
39
0
Халқе, ки ба гузаштаи худ арҷ мегузорад ва ҳофизаи қавии таърихӣ дорад, ҳатман осорхона бунёд мекунад. 
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳ ба осорхонаҳо, ҳамчун махзани ҳифз ва муаррифии фарҳанги миллӣ, дар маркази диққати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Зеро осорхона маконест, ки ба воситаи ёдгориҳои худ метавонад шахсро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба осори таърихӣ, зебоипарастӣ ва дарки олами нафосат тарбият намояд. 
Яке аз чорабиниҳои муҳиме, ки дар байни дигар чорабиниҳои  оммавӣ-маърифатии осорхона мавқеи хоса дорад, ин баргузории Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо мебошад. Агар, ба таърихи таҷлили он нигарем, ҳанӯз 18-уми майи соли 1977 дар Конфронси генералии Шурои байналмилалии  осорхонаҳо дар шаҳрҳои Москва ва Ленингради Россия ин чорабинии муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Аллакай,  соли 1978  Рӯзи байналмилалии осорхонаҳоро беш аз 150 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар осорхонаҳои Тоҷикистон, таҷлил намудаанд.
Бояд гуфт, ки чорабинии Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ду ҷанбаи ба худ хос дорад: аввалан, таҷлили Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, дувум, иқдомоти “Шабе дар осорхона”.
Баргузор намудани иқдомоти “Шабе дар осорхона” бори аввал соли 1997 аз шаҳри Берлини Олмон оғоз шуда, баъдан соли 1998 дар Фаронса, Англия, Россия баргузор гардид. 
Ба шарофати истиқлоли давлатӣ нахустин бор дар  кишвар аз ҷониби Осорхонаи миллӣ 18-уми майи соли 2013 иқдомоти байналмилалии «Шабе дар осорхона» баргузор гардид, ки минбаъд ҳамасола доир мешавад.   Мақсад аз ташкили чунин иқдомот - ин, пеш аз ҳама, пешбурди сиёсати фарҳангии Тоҷикистон дар самти ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба осорхона, рӯнамоии осори ниёгон, баргузор намудани чорабинии бузурги оммавӣ-маърифатӣ вобаста ба соҳаҳои мухталифи фарҳанг, муаррифии осорхона ҳамчун макони таълимӣ-маърифатии муосир аст. 
«Шабе дар осорхона» чорабинии хос ва касбии осорхонавист ва он танҳо тамошои муқаррарии толорҳои намоишӣ нест. Дар доираи чунин иқдомот тибқи рисолати осорхонавӣ бояд маҳфили «устод-шогирд», саҳнаҳои театрикунонидашуда, намоиш додани филмҳои ҳуҷҷатии таърихӣ, бозиҳои зеҳнии гуногун ташкил гарданд, ки омодагӣ барои чунин чорабиниҳо вақти муайянро талаб менамояд. Ҳамзамон, дар ин сана тамошои осорхонаҳо ройгон сурат мегирад. 
Воқеан, чорабиниҳои мазкур имкон фароҳам меоранд, ки осорхона барои қишрҳои гуногуни ҷомеа дастрас ва ҳамчун макони ҷамъиятӣ, ҷиҳати баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ муаррифӣ шавад.
 
Фирдавси АБДУЛҲАМИД,
сардори шуъбаи таърихи нав  ва навтарини Осорхонаи миллӣ
Санаи нашр: 21.05.2024 №: 94-95
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив