ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

21 май 2024, Сешанбе
21
0
Пора раиси судро аз минбар поён бурд ва ба курсии айбдорӣ шинонд
Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба собиқ раиси суди ноҳияи Панҷ Б. Абдураҳмонзодаро ба анҷом расонда, онро барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол кардааст.
Тавре маркази матбуоти Агентӣ дар ин бора хабар дод, дар рафти тафтишот муайян гардидааст, ки собиқ раиси суд ҳамчун шахси мансабдори давлатӣ дар давраи фаъолияти кориаш қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ба амали ғайриқонунӣ даст задааст. Чунончи, зимни баррасии парвандаҳои дар пешбурдаш қарордошта барои татбиқи ҷазоҳои нисбатан сабук ба судшавандагон ва ба манфиати онҳо ҳал кардани натиҷаи судӣ аз хешвандони онҳо дар 7 ҳолат 128 800 сомонӣ гирифтааст.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Б. Абдураҳмонзода, ки дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон), 314 қисми 2 (суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ) ва 319 қисми 3 (гирифтани пора)-и Кодекси ҷиноятӣ бандубаст гардидааст, ки ин бандҳои Қонун ҷазои сангинро пешбинӣ мекунанд.
 
 
Ҷазои қонун нисбат ба марде, ки  ҳамсарашро кушт  
Кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Турсунзодаро ба гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, гумонбаршаванда 15-уми майи соли ҷорӣ бо ҳамсараш (зани 36-сола) муноқиша карда, бо корд ба ӯ зарба задааст. Ин моҷаро дар манзили истиқоматӣ сар зада, ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.    
 
 
Ҷавобгарии зане, ки дар ҳолати мастӣ шавҳарашро маҷруҳ кард
Мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба зане парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст, ки ба қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ (моддаи 110 Кодекси ҷиноятӣ) гумонбар дониста мешавад.
Сомонаи ВКД аз гумонбар зани 26-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон ном мебарад, ки дар ҳолати сархушӣ даст ба кирдори ҷинояткорона задааст. Ин зан 15-уми май дар дили шаб ба суроғаи зисти шавҳараш (ҷавони 23-сола), ки дар яке аз биноҳои кӯчаи Д. Шарипови шаҳри Исфара буд, ворид шуда, бо зарби корд ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расондааст.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи 
“Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 21.05.2024 №: 94-95
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив