Дар Эрон дар пайи даргузашти Президент Раисӣ мотами панҷрӯза эълон шуд
CentralAsia (CA). Бино ба иттилои хабаргузории “Меҳр”, дар пайи даргузашти Иброҳими Раисӣ дар Эрон мотами панҷрӯзаи миллӣ эълон шудааст. Ба нақл аз IRNA, муовини Раиси ҷумҳурӣ Муҳаммад Мухбир гуфт: "Ман панҷ рӯз мотами оммавӣ эълон менамоям ва ба мардуми азизи Эрон изҳори таслият мекунам".
Дар вақти мотам ҳамаи кинотеатру театрҳо баста мешаванд. Барномаҳои фароғатӣ дар телевизион лағв шуданд.
Покистон ба нишони эҳтиром ба Эрон 20-уми майро рӯзи мотами миллӣ эълон кард. Дар Лубнон низ мотами серӯза эълон шудааст. Дар Туркия ба муносибати даргузашти Иброҳим Раисӣ мотами якрӯзаи миллӣ баргузор мешавад. Дар ин бора Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти ин кишвар, изҳор дошт, – хабар медиҳад RT.
Токаев: «Қазоқистон шарики боэътимоди Чин буд ва боқӣ мемонад»
Мир24. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот дурнамои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, энергетика, фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамчунин, имкони густариши робитаҳои байниҳукуматӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. «Қазоқистон шарики боэътимоди Чин буд ва боқӣ мемонад. Мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона менамоем, то созишномаҳоеро, ки аз ин пеш ҳосил шуда буданд, амалӣ гардонем. Воқеан, муносибатҳо ва ҳамкории мо ба оянда нигаронда шудаанд», – гуфт Токаев. Ван И ба Президент барои меҳмоннавозӣ миннатдорӣ баён кард. Сарвари Қазоқистон, дар навбати худ, ба раҳбари Чин Си Ҷинпин саломи худро расонда, изҳор дошт, ки аз сафари дарпешистодаи давлатии ӯ ба Остона умеди зиёд дорад.
Суҳбати телефонии Путин бо Муҳаммад Мухбир
INTERFAX.RU. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кремл, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари ҳокимияти иҷроияи Эрон Муҳаммад Мухбир гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Дар хабар гуфта мешавад, ки Президенти Россия ба Роҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ, Муҳаммад Мухбир ва тамоми мардуми Эрон дар робита ба марги фоҷиабори Иброҳим Раисӣ, Президенти Эрон, дар суқути ҳавопаймо изҳори ҳамдардӣ намудааст.
Путин таъкид кард, ки Раисиро ҳамчун шарики боэътимод, ки дар рушди равобити дӯстонаи Россия ва Эрон саҳми бебаҳои шахсӣ гузоштааст, хуб мешиносад ва қадр мекунад.
Гуфта мешавад, ки Мухбир «барои хамдардӣ ва дастгирӣ дар ин давраи душвори мамлакат миннатдории самимӣ баён кард».
"Ҳар ду ҷониб ба тааҳҳуди мутақобилаи худ ба таҳкими пайвастаи минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷонибаи Россия ва Эрон ба нафъи мардуми ду кишвар таъкид карданд", – омадааст дар изҳорот.
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
АИР “Новости”. Дар пайи даргузашти Иброҳим Раисӣ, Президенти Эрон, Комиссияи интихоботии Эрон рӯзи 28-уми июнро ба унвони санаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба Шурои посдорони Конститутсия пешниҳод кард.
Мир 24. Сафорати Эрон дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил серодам аст. Шаҳрвандон ба хотири пос дошти хотираи қурбониён –суқути чархболи Президенти Ҷумҳурии Исломи Эрон Иброҳим Раисӣ меоянд.
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)