КИТОБДОРӢ. АЗ БУРДУ БОХТИ МУҲИМТАРИН СОҲАИ МАЪРИФАТСОЗ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Истиқлоли давлатӣ рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ҳаёти миллати тоҷик буда, дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат барои пешрафти илму маориф, аз ҷумла рушди соҳаи китобдорӣ, шароитҳои мусоидро фароҳам овард. Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ соҳаи китобдорӣ ба дастовардҳое ноил гардид, ки дар қиёс ба тамоми комёбиҳои даврони шуравӣ дар самти таҳқиқу баррасии масъалаҳои мубрами соҳа ва интишори онҳо ба забони давлатӣ беназиранд. Имрӯз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш афзуда истодааст.
Лоиқи зикр аст, ки маркази асосии тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи китобдории мамлакат факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ҳисоб меравад. Айни замон донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ, бойгонишиносӣ, бойгониҳои аудиовизуалӣ ва фаъолияти ноширӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ факултетро 1794 нафар донишҷӯ хатм намуда, дар 1355 китобхонаи давлатию оммавии ҷумҳурӣ ва берун аз он дар самти баланд бардоштани маънавиёти шаҳрвандон, тарғиби мероси пурғановати фарҳанги миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллии аҳолӣ, бахусус насли наврас, ҷалби онҳо ба хониш, таҳкими дӯстии халқҳо ва ташаккули фарҳанги иттилоотӣ фаъолият доранд. Факултет, инчунин, муҳаққиқони ҷавонро дар риштаи магистр ва доктор аз рӯйи ихтисоси (PhD) омода месозад. Маврид ба зикр аст, ки омӯзгорони факултет дар баробари тайёр кардани кадрҳои китобдорӣ дар пажӯҳиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ низ нақши созгор доранд.
Дигар ҷанбаи муҳими соҳаи китобдорӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ барномасозӣ мебошад. Аз ҷониби олимону муҳаққиқони соҳа шуруъ аз соли 2005 як силсила барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015, Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 таҳия гардиданд. Хотирнишон месозем, ки барномаи мазкур аз ҷониби омӯзгорони факултет дар заминаи таҳлили амиқи илмӣ тарҳрезӣ шуд. Татбиқи ин барнома имкон дод, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол инфраструктураи боэътимоди соҳаи китобдорӣ-иттилоотӣ фароҳам омада, теъдод ва сатҳу сифати фонди китобхонаҳои ҷумҳурӣ бештару беҳтар гарданд ва барои воридшавии китобхонаҳои давлатию оммавӣ ба фазои нави иттилоотӣ заминаҳои устувор муҳайё гарданд.
Руҳангез ШОДИЕВА,
магистри курси 2-юми ихтисоси китобдории ДДФТ
ба номи Мирзо Турсунзода
Санаи нашр: 23.05.2024 №: 96
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)