АМИТ. РӮЗИ ҶАВОНОН ТАНТАНА ДОРАД
Тайи чанд рӯзи охир дар шаҳру ноҳияҳо ва идораву корхонаҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон чорабиниҳои маърифатӣ ва роҳпаймоиҳо баргузор мегарданд.
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ин навбат таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» бахшида ба Рӯзи ҷавонон чорабинии фарҳангӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Дар оғоз ҳайати олимону кормандон, магистрантону докторантон ба хотири арҷ гузоштан ба сиёсати Пешвои миллат бо шиору овезаҳои ватандӯстона дар шаҳраки академӣ роҳпаймоии осоишта баргузор намуданд. Зимни роҳпаймоӣ кормандони Академия аз сиёсати оқилонаи Роҳбари кишвар тарафдорӣ намуда, бо бардоштани расми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба роҳпаймоӣ оғоз бахшиданд. Дар рафти чорабинӣ Парчами ҳаҷмаш 32- метра низ парафшон гардид, ки ин дарак аз арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ мебошад. Гулдухтарони Академияи миллӣ дар роҳпаймоии осоишта бо бар намудани либосҳои миллии тоҷикона ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуданд.
Дар чорабинии мазкур президенти Академия Қобилҷон Хушвахтзода тамоми олимони ҷавон ва ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик намуда, аз сиёсати ҷавонпарварона ва дастгириҳои Роҳбари кишвар нисбат ба ҷавонон ёдовар гардида, чунин гуфт: «Дар ҷомеаи муосир нақш ва манзалати ҷавонони фаъол, донишманду хештаншинос бағоят муҳим буда, пешрафт ташаккул ва муаррифии имкониятҳои зеҳнии ҷомеаро бидуни онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Рисолати шумо низ ҷавонони азиз аз он иборат аст, ки кору фаъолияти созандани фарзандони баруманди миллати тоҷикро шарафмандона идома диҳед».
Тавре ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз АМИТ хабар доданд, дар охир ба як қатор устодону кормандони ҷавони Академия ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Академияи миллии илмҳо супурда шуд.
Санаи нашр: 23.05.2024 №: 96
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)