ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Видои ҳазорон нафар бо Президенти Эрон  

Видои ҳазорон нафар бо Президенти Эрон  

23 май 2024, Панҷшанбе
21
0
Мир 24. Ҷасади Иброҳим Раисӣ ва шариконашро ба Теҳрон бурданд. Дар Теҳрон  ҳазорон нафар барои видоъ бо Президенти Эрон ва ҳамроҳонаш, ки дар суқути чархбол ба ҳалокат расиданд, ҷамъ омаданд.
Теъдоди зиёди одамон аз фурудгоҳ раҳпаймоиро ҳамроҳӣ карданд.  
Ба Эрон даҳҳо ҳайатҳои хориҷӣ низ барои видоъ бо Иброҳим Раисӣ омаданд. Русияро бо дастури  Президенти ин кишвар Владимир Путин Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин намояндагӣ мекунад. Дар миёни ҳайатҳо дар маросими видоъ намояндагони роҳбарияти Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон ҳузур доштанд. Президенти Тоҷикистон  ба иҷрокунандаи вазифаи Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир изҳори ҳамдардӣ карда, саҳми ҷиддии марҳум Иброҳим Раисиро дар рушди равобити дуҷониба зикр намуд.
 
 
Амири Баҳрайн бо сафари расмӣ ба Москва омад
 
ТАСС. Амири Баҳрайн Ҳамад бин Исо Ал-Халифа бо сафари расмӣ ба Русия омад. Тавре аз хадамоти матбуоти Кремл хабар доданд, 23-юми май Амири Баҳрайн бо Президенти Русия Владимир Путин гуфтушунид мекунад. 
Ҷонибҳо нақша доранд, ки дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетика ва гуманитариро баррасӣ намоянд. Дар поёни мулоқот имзои санадҳо дар назар аст. Дар навбати худ, агентии BNA зикр кард, ки   Ҳамад бин Исо Ал-Халифа ният дорад, бо Роҳбари Русия рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, натиҷаҳои нишасти 33-юми Лигаи давлатҳои арабро, ки   16-уми май дар Манама баргузор шуд, баррасӣ намояд. Амири Баҳрайн пас аз сафараш ба Русия  ният дорад, ки аз Чин боздид  ва  бо Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, мулоқот кунад.
 
 
 
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Газета.ru. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш гуфт, ки дар ҷаласаи Шурои сарварони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 3-4-уми июл дар Остона баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар медиҳад.
 
Мир24. Душанбе ва Тбилиси бори нахуст бо хатсайри ҳавоии мустақим пайваст шуданд. Дар хатсайри нав як ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон парвоз хоҳад кард. Интизор меравад, ки ин ба афзоиши гардиши сайёҳон ба ҳар ду кишвар мусоидат кунад.
 
Газета.ru. Сарвазири Британияи Кабир Риши Сунак дар муроҷиат ба миллат доир ба қатъи фаъолияти Парламент ва баргузории интихоботи пеш аз муҳлат дар рӯзи 4-уми июл хабар дод.
 
RGRU. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳор дошт, ки Арманистон ва Озарбойҷон ҳангоми муайян кардани сарҳад аз харитаи Ситоди генералии СССР дар соли 1976 истифода мебаранд. 
Санаи нашр: 23.05.2024 №: 96
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив