ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ЁДИ ГУЛНАЗАР”

“ЁДИ ГУЛНАЗАР”

29 май 2024, Чоршанбе
22
0
Як шахсият, як инсони бузургро як инсони бузурги дигар беҳтар ёд оварда ва дар борааш навишта метавонад. Зимни ин гуна ёдоварӣ ба дунёи пурасрори рӯзгору кораш роҳ мебарад ва барои дигарон, дилдодагони каломаш, бо зиндагии ибратомӯзаш роҳ мекушояд. “Ёди Гулназар” ҳамин гуна як китобест, ки то ба хулоса биоем: инсонҳои асил, ҷонфидоёни миллат ҳаргиз аз хотирҳо намераванд. Оре, агар ҳам аз дида бираванд, аз дил намераванд. 
Устод Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, ин ёдномаро чанде пеш ба нашр расонд. 
Гулназар, Шоири халқии Тоҷикистон,  муаллифи матни Суруди миллӣ бо асарҳои пурмазмуну мондагораш дар рушду нумӯи адабиёти навини тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. 
Абдулҳамид Самад барҳақ навиштааст: “Гулназар барои маҷмуаи шеърҳои бачагонааш “Се кулчаи танӯрӣ” сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995) гардид, лекин аз рӯи инсоф иқрор бикунем, ӯ китоб-китоб шеърҳои баландғояву баландпоя ба нашр расондааст, ки ин Ҷоизаи олии адабиро ҳалолтар бикунад.  Ин бегумон нишони масъулияти ҷиддии шоир дар назди хонанда ва адабиёти муқаддас мебошад. Ва ҳамин талошу заҳмати ҷонкоҳонаи бардавом шахсият ва осори Гулназарро ба дарахти пурсамари тановар табдил дод”. 
Забони асар чун ҳамаи асарҳои дигари нависанда ширину равону дилрас аст. Ёдҳо низ ҷолибу таъсирбахш мебошанд. Ҳар кадом аз ин хотираҳо паҳлуҳои гуногуни кору рӯзгори шоири равоншодро пеши рӯву фаҳму дарки хонанда мегузорад. Муроди нависанда, ҳамзамон, тарбияи насли наврас, хосса тарбияи ахлоқии онҳо аст.
Албатта, кори нек, муносибати самимона ҳамеша дар ёди одам мемонад ва ӯро талқин ба худшиносиву худсозӣ мекунад. “Ёдам омад, ки боре баъди аз сафари водии Кӯлоб баргаштан Гулназар саҳар табассумаки азалӣ дар лаб, наздам омад ва муждаи ғайричашмдошт расонд.
– Абдулҳамид, дар Кадучӣ сари қадам модаратро зиёрат кардем. Салом гуфт. Кампираки аҷиб... мисли модари биҳиштии ман, резаустухон будааст. 
Ба ташвиш афтодам. Меҳмонҳои гиромиро чӣ хел пазируфта бошанд? Пурсидам: 
– Ягон пиёла чой доданд?
– Аз зиёфат бархеста будем... Дидору фотиҳаи модар аз ҳама боло буд.
Бениҳоят шод шудам”.
Бешак, ҳамин тавр аст, ҳар амали дӯсту шахсиятҳои нотакрор: холисона, самимона, аз рӯи меҳру муҳаббати беандоза ва ибратомӯз аст. Гӯиё ба зиёрати модари худашон мушарраф гашта бошанд. 
Муаллиф барои тақвияти суханаш дар мавриди эҷоди баландғояву баландпоя ва истеъдоди фитрии Гулназар аз шеърҳои ӯ намунаҳо меорад. 
Китоб иборат аз се қисм: “Дареғу дареғ”, “Ёди Гулназар” ва “Меҳрномаи Гулназар” иборат аст. 
Муаллиф пеш аз анҷомбахшии қисмати “Ёди Гулназар” ба шоир ва дӯстии содиқаш чунин баҳои воқеи медиҳад: “Ӯ дар радифи шоирони тавоно маскан дорад. Вай фидоӣ ва тараннумгари содиқи Тоҷикистони соҳибистиқлол буд.
Забони ман фақат як вожа дорад,
Ки бе номи Ватан ман безабонам.
Барҳақ, нафаре, ки фидоӣ ва тараннумгари содиқи кишвараш мешавад, ҳамеша дар ёдҳо мемонад ва шахсиятҳои барҷаста барояш ёднома менависанд. 
“Ёди Гулназар” асари арзишманд ва ҳадияи хубе барои дӯстдорони шоиру ҳаводорони каломи бадеъ аст.
 
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.05.2024 №: 100
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив