МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АҲЛИ ИЛМ ВА МАОРИФИ КИШВАР
30-юми май дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот карданд.
Ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошад.
Баъди анҷоми суханронӣ миёни Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва як гурӯҳ олимон ва донишмандони кишвар пурсишу посухҳо сурат гирифт, ки зимни онҳо оид ба дастгириҳои давлатии рушди илм, қабули қонун, барномаву стратегияҳо ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат баҳри беҳдошти шароити кору зиндагии аҳли зиё андешаронӣ намуданд.
Санаи нашр: 30.05.2024 №: 101-102
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарҳҳо (0)