«ЧИЛ ҲУНАРИ ЯК МАРД». ЁДЕ АЗ ҲУНАРМАНДИ НОТАКРОР РАҲМОНДӮСТИ ҚУРБОНИЁН
Ҳунарманди асил эҷодкорест, ки бо нақшофариҳои худ дар хотири ҳаводоронаш осори фаромӯшнашавандаеро боқӣ мегузорад. Нақшҳое, ки бо касбияти баланд дар синамо ва ё саҳнаи театр бозида шудаанд, дар дилу дидаи ҳар бинанда барои ҳамеша маъво мегирад.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шодравон Раҳмондӯсти Қурбониён аз зумраи он ҳунармандони санъати тоҷик маҳсуб меёфт, ки тули фаъолияти пурмаҳсулаш дили ҳазорҳо мухлисони театру синаморо тасхир намуд.
Меҳри санъаткор шудан дар замираш ҳанӯз аз овони наврасӣ ҷой гирифта буд. Аз ин рӯ, соли 1960, баъд аз хатми мактаби миёна, ба студияи актёрии назди Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ки бо номи асосгузори театри касбии тоҷик Ефим Исаевич Мителмен маъруф аст, дохил мешавад. Баъдан, аз соли 1974 то хатм, дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода маҳорати актёрияшро сайқал дода, дар баробари он, нозукиҳои касби коргардониро аз худ менамояд.
Охири солҳои 60-уми асри ХХ Раҳмондӯсти Қурбониён дар Театри халқии ноҳияи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ намоишномаи «Шартҳои никоҳи Абдуллоев»-ро ба саҳна гузошт, ки дар азназаргузаронии театрҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе пирӯз гардид.
Раҳмондӯсти Қурбониён тайи солҳои фаъолияти босамараш ба ҳайси роҳбари бадеии хонаи маданияти шаҳраки Фархор (1967-1969), ҳунарпешаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб (1969-1970), роҳбари бадеии Театри халқии ноҳияи Ҳамадонӣ (1971-1988), ҳунарпеша ва коргардони Театри намунавии минётурии «Оина» (1992-2010), коргардони дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010 – 2012) кор кардааст.
Мавсуф бо ҳунари волои филмофарияш дар рушди кинои тоҷик низ нақши бориз дорад. Ӯ нахустин нақши худро дар синамо соли 1962 дар филми овозадори «Коваи оҳангар»-и коргардони маъруфи тоҷик Борис Кимёгаров иҷро намуд. Баъдан, дар филмҳои «Ситораҳои сари танӯр»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ, «Сароби биҳишт»-и Юнус Юсуфов, «Муҳаббат»-и Умед Мирзоширинов, «Пушти ҳандақпеч» ва «Баҳори як кӯча»-и Саидҷон Қодирӣ, «Барачаи хаёлӣ»-и Абдулҳай Зокиров, «Сафари ҳавоӣ»-и Далер Раҳматов ва чанде дигар нақш офарид.
Воқеан, домони эҷодиёти ин ҳунарвари асил фарох буд ва дар зиёда аз сад намоиши театрию телевизионӣ нақшҳои гуногун бозид. Инчунин, бояд таъкид сохт, ки мавсуф дар хондани сурудҳои ҳаҷвӣ, бадеҳа ва тақлид истеъдоди баланди касбӣ дошт.
Лоиқи зикр аст, ки чанде пеш ба хотири гиромидошт ва бахшида ба 60-солагии фаъолияти эҷодии ин ҳунарпешаи зиндаёд бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Театри намунавии минётурии «Оина» дар кинотеатри «Ватан» таҳти унвони «Як мард бо чил ҳунар» маҳфили ёдбуд баргузор гардид.
Дар он ҳунармандони тоҷик ва наздикону пайвандони Раҳмондӯсти Қурбониён аз хотироти неке, ки бо ӯ доштанд, қисса намуданд.
Ҳарчанд имрӯз Раҳмондӯсти Қурбониён дигар дар саҳнаи ҳунар намедурахшад, аммо номинекаш ва нақшҳои мондагораш дар хотираҳо ҷовидонаанд.
Руҳафзо МУРОДОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 30.05.2024 №: 101-102
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)