«ПИРӢ ФАРО РАСИДААСТ. ЧӢ БОЯД КАРД?»
Бо ҳамин ном китоби нави адиби шинохта, барандаи ҳафт ҷоизаи байналмилалӣ Шераки Ориён дар матбааи ҶДММ «Ашуриён» ба нашр расид ва алоқамандони эъҷодиёти нависанда онро бо камоли хушнудӣ пазируфтанд.
Шераки Ориён дар оғоз аз «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус иқтибосе меорад дар бораи ҳолатҳои равонию руҳию ҷисмонии инсонҳои аз панҷоҳ то ҳаштодсола ва аз онҳо боло. Минбаъд хатти сурхи андешаҳояш дар атрофи ҳамин солҳо мечархад. Адиб дар фаслҳои «Агарчи солхӯрда шудем…», «Аз дасти солхӯрдагон чӣ меояд?», «Мӯйсафед» аз таҷрибаи фарогирифтаи пирони дунёдида фаровон мисолҳо меорад, ба ҷавонон гӯшзад месозад, ки ба тани наҳифи солдидаҳо бо чашми хирад бингаранд, зеро онҳо қодиранд бо ақлу заковат, бо тадбиркориҳои худ мушкилиҳои зиёдро бартараф намоянд, кӯргиреҳи риштаҳои зиндагиро бо фаросати бепоёни хеш бикшоянд, ба онҳо роҳи осону бехатари ҳалли душвориҳоро баён доранд. Яъне, пирон ба ғайр аз кони панду насиҳат будан, инчунин, роҳнамое дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷавонон ба ҳисоб мераванд. «Пир нест – тадбир нест», – гуфтаанд. Бо тадбири худ онҳо тақдирҷунбонанд.
Дар хотимаи китоб нависанда аз гуфтаи адиби ҷаҳоншумул Антон Павлович Чехов ин мисолро меорад: «Бояд зиёдтар бизист ва умри зиёдтар бидид, то инсони комил бишавӣ!» ва худ зикр менамояд, ки «куҳансол гаштан ин маънои фақат ба коми марг наздик шудан надорад. Нафароне ҳастанд, ки ҳар қадар пир бишаванд, ҳиссашон гиро, даркашон боло, хирадашон воло, чорагириашон фаро, талошу ҷаҳдашон фузун бигардад». Яъне, аз пирон дар ҳар боб маслиҳате гиред, ки аз фоида холӣ нест. Ва хондани ин китоб барои ҷавонон низ хеле муфид аст.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 30.05.2024 №: 101-102
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)