АЗ ФАЗИЛАТҲОИ НЕКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар кӯи ниёз ҳар дилеро дарёб,
Дар кӯи ҳунар муқбилеро дарёб.
Сад каъбаи обу гил ба як дил нарасад,
Каъба чи равӣ, бирав, дилеро дарёб.
Умари Хайём
Фазилатҳои неки инсонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми мӯйсафедон, сила кардани сари ятимон ва ғамхории пайваста дар ҳаққи онҳо, шод кардани дили ранҷурон ва дастгириву нигоҳубини маъюбону камбизоатҳо, инчунин, ҳамеша болида гардондани хотири онҳо мебошад. Мушоҳида мекунам, ки имрӯзҳо бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳибкорон, шахсони хайрхоҳ, вакилону ходимони дин ва кормандони ин ё он ташкилотҳо пайваста аз ҳоли ятимону маъюбон ва пирони барҷомонда хабардор мешаванд ва онҳоро шод менамоянд. Мусаллам аст, ки меҳри волидайнро ба фарзанд ҳеҷ гоҳ каси дигар иваз карда наметавонад, вале ҳар нафаре, ки ятимонро дӯстдорӣ ва навозиш мекунад, дар даргоҳи Худованд аҷру савоби зиёд ва дар дунё иззату эҳтиром мебинад.
Фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои аввали ба вазифаи пурмасъули Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон, ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманду осебпазири аҳолӣ, алалхусус ятимонро ҳамчун самти асосии сиёсати худ муайян намуда, фароҳам овардани шароити мусоидро барои зиндагӣ, таҳсил ва кору фаъолияти онҳо ҳадафи муҳимтарин қарор додааст. Роҳбари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ятимон дар паноҳи давлатанд, падарона сари онҳоро сила карда, барояшон беҳтарин шароитҳои таълиму тарбияро фароҳам меоваранд. Ҳамзамон, дар вохӯриҳо ва суханрониҳои худ борҳо қайд намудаанд: "Ман ба кӯдакони ятиму бепарастор, маъюбону пиронсолони бесоябон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоиву бесоҳибӣ намегузорам".
Исботи ин гуфтаҳои ибратомӯзи Пешвои миллат дар он аст, ки дар тамоми паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ, баромаду суханрониҳои дигар ба дастгирӣ ва кумаки ятимон мароқи хоса зоҳир менамоянд. Ҳангоми сафар ба шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҳатман, аз мактаб-интернатҳои ятимон дидан намуда, бо ятимон суҳбат карда, аз аҳволи онҳо хабардор мешаванд. Дар баробари ин, ба онҳо пайваста туҳфаҳо тақдим мекунанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки хурсанд кардани ятимон ва сила кардани сари онҳо аз амалҳои наҷиби инсонӣ маҳсуб меёбанд. Шоире барҳақ гуфтааст:
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон каъба як дил беҳтар аст.
Шириншоҳ НУРУЛЛОЕВ,
роҳбари дафтари матбуоти
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар шаҳри Панҷакент
Санаи нашр: 31.05.2024 №: 103
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)